Пешниҳоди иловаи 7,6 ҳазор гектар ба Душанбе дар ҷаласаи оянда ва таъсиси ноҳияи нав

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанМинистр образования и науки Таджикистана Имомзода Мухаммадюсуф Сайдали
Министр образования и науки Таджикистана Имомзода Мухаммадюсуф Сайдали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, масъалаи илова кардани беш аз 7,6 ҳазор гектар заминро ба шаҳри Душанберо баррасӣ карда, барои тасдиқ ба палатаи болоии парлумон пешниҳод намуд

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Имомзода дар шарҳи ­масъала гуфт, пешниҳод шудааст, аз ҳисоби заминҳои деҳоти “Чоряк­корон”, “Чортеппа”, “Сарикиштӣ”, “Чимтеппа”, “Россия”, “Гулистон” ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе 7 ҳазору 659,25 гектар замин ҳамроҳ карда шавад.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ ба мансаби нав пешниҳод шуд

“Зарурати васеъшавии шаҳри Душанбе ба афзоиши босуръати аҳолии он, талабот ба манзилҳои истиқоматӣ, сохтмони роҳҳо, биноҳо ва иншооти гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ, маишӣ ва солимгардонӣ алоқаманд мебошад”, - изҳор дошт Юсуфзода.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллӣ, даъвати панҷумро, 19 марти соли 2020, соати 9:00 дар шаҳри Душанбе даъват кардаст, ки интизор меравад, охирин ҷаласаи ҳайати феълӣ бошад.

Пешниҳоди иловаи 7,6 ҳазор гектар дар ҳолест, ки қаблан Шодимурод Аловуддинов, муовини сардори Сарраёсати  меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт, гуфт., қисмати зиёди заминҳои нав ба ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рост меояд ва аз ин рӯ зарурати таъсиси боз як ноҳияи дигар дар ҳудуди пойтахт пеш омадааст.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Убайдуллоев ҷаласаи Маҷлиси миллиро даъват кард: Раҳмон гузориш медиҳад

Масъулин мегӯянд, дар 7659 гектаре, ки тоза ба ҳудуди пойтахт илова мешаванд, тамоми инфрасохтори шаҳрӣ муҳайё хоҳад шуд.

Бар асоси нақшаи генералии тасдиқгардида, ҳудуди пойтахт аз 12,7 ҳазор гектари ҳозира то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор  гектар  баъди соли 2040  пешбинӣ  гардидааст.

Собиқ шаҳрдор ва раиси Маҷлиси миллӣ: Маҳмадсаид Убайдуллоев 68-сола шуд

Афзоиши шумораи аҳолӣ дар  ҳудуди лоиҳавӣ  то соли 2025 - 936 ҳазор нафар ва то соли 2040 - 1 миллиону 176 ҳазор нафар муайян гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0