КБО мегӯяд, бозиҳои олимпии Токиё бидуни таъхиркорӣ баргузор мегарданд

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкОлимпиада 2020, архивное фото
Олимпиада 2020, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) изҳор намуд, ки барои қабул кардани ҳар гуна қарорҳои радикалӣ дар робита ба Бозиҳои олимпӣ дар пасманзари авҷи вируси корона дар ҷаҳон ниёз нест

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Изҳоротро КБО пас аз ҷаласаи видеоӣ бо федератсияҳои байналмилалӣ ва кумитаҳои миллии олимпӣ 17 март нашр кард ва таъкид намуд, ки Бозиҳои олимпӣ дар Токио тибқи нақшаи тасдиқшуда баргузор мешавад.

Боксер Шаббос Негматуллоев  - Sputnik Тоҷикистон
Шаббос Негматуллоев дуввумин роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст овард

Баргузор гардидани Бозиҳои олимпӣ дар ҳолест, ки бо сабаби авҷ гирифтани вируси COVID-19 бисёр мусобиқаҳои интихобии олимпӣ барҳам ё ба вақти дигар гузаронида шуданд.

Сомон барои роҳхат гирифтан ба Бозиҳои олимпии Токио - 2020 ҷиддан тамрин мекунад

КБО иқрор шуд, ки дар масъалаи мусобиқоти интихобӣ бинобар паҳн шудани вирус ба мушкил дучор омадааст. Дар умум, аз 11000 варзишгаре, ки бояд дар Бозиҳои олимпӣ ширкат кунанд, 57 дар садаш маълум гардидааст.

Кумитаи мазкур дар ҳамкорӣ бо федератсияҳои байналмилалӣ барои интихоби 43 дар сади боқимонда талош мекунанд. Дар ин робита КБО гуруҳи махсусро ташкил кардааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба системаи интихобӣ аз номи Кумитаи иҷроияи КБО қарори фаврӣ қабул кунад.

"КБО мисли қабл барои баргузории Бозиҳои Олимпии Токио-2020 мутақоид аст, зеро то оғози бозиҳо 4 моҳ вақт ҳаст ва ҷиҳати қабули қарор дар ин робита зарурат нест", - омадааст дар изҳорот.

Зимнан, кумитаи мазкур аз ҳамаи варзишгарон даъват мекунад, ки ҷиддӣ ва беҳтар ба бозиҳо омодагӣ бинанд.

Лентаи хабарҳо
0