ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Шаббос Негматуллоев, имрӯз дар мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё – Уқёнус дар марҳилаи бокс-офф Санчин Кумари ҳиндуро шикаст дода, роҳхати олимпиро соҳиб шуд.
Шаббос Негматуллоев бо Санчин Кумар дар вазни 81 кило рақобат карда, бо ҳисоби 5:0 пирӯзиро ба даст овард.
Қаблан Шаббос дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Тайландӣ Ҷаккапонг Йомҳот пирӯз шуда, вале дар чорякфинал аз Бекзод Нурдавлатови қазоқ шикаст хӯрда буд.
Дар вазни -81кг аз қораи Осиё-Уқёнус ба ғайр аз Шаббос Негматуллоев Бекзод Нурдавлатов аз Қазоқистон, Одаӣ Ал-Ҳиндавӣ аз Урдун, Чен Дасианг аз Чин ва Пауло Аукусо аз Австралия ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст оварданд.
Ҳамчунин имрӯз Баҳодур Усмонов, муштзани шинохтаи тоҷик, баъди шикасти ҳарифи эронияш соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 гардид.
Баҳодур Усмонов, имрӯз, Ашкон Ризоӣ, варзишгари Эрониро бо ҳисоби 5:0 шикаст дода, роҳхати олимпиро ба даст овард.
Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи соли ҷорӣ доир мегардад.