Тавсияи Бердимуҳаммадов барои пешгирӣ аз вирус: ҳазориспанд дуд кунед

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонк Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов
 Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ба шаҳрвандони кишвараш тавсия додааст, ки барои пешгирӣ аз вирусҳо бо дуди ҳазориспанд худро ҳифз намоянд

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Президенти  Туркманистон ин нуктаро дар як ҷаласаи ҳукуматӣ изҳор дошта, қайд кардааст, ки ин доруи куҳани тибби мардумӣ мебоашд, ки гузаштагонаш аз он васеъ истифода мекарданд, хабар додааст РИА Новости дар такя ба телевизиони маҳаллии ин кишвар.

Трава гармалы - Sputnik Тоҷикистон
Тарс аз коронавирус: харидории баста баста ҳазориспанд дар Самарқанд - навор

Тибқи одати маъмул, туркманҳо барои ҳимоят аз бемориҳо аз дуди ҳазориспанд васе истифода мекарданд, гуфтааст ӯ.

Бердимуҳамедов таъкид кардааст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо гузаштагонаш усулҳои миллии мубориза бо ҳаргуна касалиҳо ва пешгирии бемориҳои мухталифро сохтаанд, ки самаранокии худро собит кардаанд.

"Аҷдодони хирадманди мо анъанаҳоро қатъи риоя мекарданд: бӯидани дуди ҳазориспанд дар вақти рӯйдодҳои муҳим, хоҳ ҳангоми кучиш ба хонаи нав, оиладор шудан ва инчунин дар баъзе давраҳои сол, ки бемориҳои сироятӣ пайдо мешуданд", - гуфт Бердимуҳаммадов.

Президент ҳамчунин гуфтааст, ҳоло низ анъанаи буидани дуди ҳазориспанд, ки гиёҳи муқаддас ҳисобида мешавад, идома дорад. Ба гуфтаи вай, дуди ин растанӣ ба бадани инсон ворид шудани вирусҳои гуногунро пешгирӣ мекунад.

Роҳбари Туркманистон аҳамияти махсуси ин анъанаи маъмулро таъкид кард гуфтааст, дар ин самт бояд корҳои оммавии фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шаванд.

Трава гармалы - Sputnik Тоҷикистон
Эпидемиологи рус ҳазориспандро як далели зуҳур накардани коронавирус дар Тоҷикистон гуфт

Дар туркманистон то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Хабарҳо дар бораи фоидаҳои ин гиёҳ замоне расонаӣ шуд. Ки эпидемиологи машҳури Русия Михаил Фаворов, ҳазориспандро як  далели зуҳур накардани коронавирусро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хонд.

Эпидемиологи машҳур зимни баромади худ аз Абӯали ибни Сино мисол оварда гуфт, ки замоне маҳз бо маслиҳати ӯ тамоми ҳуҷраҳои биноҳои истиқомаӣ ва корӣ барои рафъи ҳамагуна вирус бо ҳазориспанд дуд карда мешуданд.

"Феълан як қатор кишварҳо аз даҳшати коронавирус дар канор мондаанд. Мо бисёр мулоҳиза кардем, то омили асосии зуҳур накардани ин маризиро пайдо кунем. Шояд ҳавои хушк, иқлими мусоид ва ё маҳз ҳазориспанд сабабгори роҳ наёфтани маризии коронавирус ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад", - изҳор намудааст Фаворов.

Лентаи хабарҳо
0