Тарс аз коронавирус: харидории баста баста ҳазориспанд дар Самарқанд - навор

CC BY-SA 3.0 / Yuriy75 / Трава гармалы
Трава гармалы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъд аз хабаре, ки гӯё ҳазориспанд як далели зуҳур накардани коронавирус мебошад дар Самарқанди Ӯзбекистон садҳо нафар ба бозорҳо рафта, баста баста аз ҳазориспанд харидорӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Баъд паҳни хабарҳо, ки гӯё ҳазориспанд як  далели зуҳур накардани коронавирус мебошад, ҳазорҳо сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои харидории ин гиёҳ ба бозорҳо рехтанд.

Трава гармалы - Sputnik Тоҷикистон
Эпидемиологи рус ҳазориспандро як далели зуҳур накардани коронавирус дар Тоҷикистон гуфт

Эрон таҳримҳои Амрико бар зидди ин кишварро терроризми иқтисодӣ хонд

Ахиран як корбари Фейсбук Борис Вафаев дар саҳифаи шахсиаш навореро нашр кардааст, дар яке аз бозорҳои Самарқанд даҳҳо нафар ба харидории ҳазориспанд машғул ҳастанд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, коронавирус киҳоро бештар мекушад

Дар навор дида мешавад, ки сокинон ба таври оммави ба харидории баста баста ҳазорипанд машғул ҳастанд.

Тибқи иттилои сомонаи Википедиа ҳазориспанд— гиёҳи хеле машҳури мардуми Машриқзамин аст, ки дар тибби халқӣ аз замонҳои Абӯалӣ ибни Сино ва ҳатто пештар аз он машҳур будааст.

“Ҳазоиспанд ва тухми он барои бемориҳои гуногун давои хубест. Инчунин гиёҳи хушккардаи онро мардум барои дафъ кардани чашми бад дуд мекунанд. Аз ин рӯ, бо мақсади дур кардани ҳама қувваҳои бадӣ дар хони наврӯзӣ сипанд гузошта мешавад”, - гуфта шудааст дар ин сомона.

Граждане Узбекистана располагаются в самолете перед полетом - Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳо миёни Тошканд ва Душанбе муваққатан қатъ шуд

Бояд қайд кард, ки ахиран эпидемиологи машҳури Русия Михаил Фаворов, ҳазориспандро як  далели зуҳур накардани коронавирусро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт.

Изҳороти Фаворов дар шаҳри Тошканд зимни баргузории як нишаст садо дод, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.

Эпидемиологи машҳур зимни баромади худ аз Абӯали ибни Сино мисол оварда гуфт, ки замоне маҳз бо маслиҳати ӯ тамоми ҳуҷраҳои биноҳои истиқомаӣ ва корӣ барои рафъи ҳамагуна вирус бо ҳазориспанд дуд карда мешуданд.

Лентаи хабарҳо
0