Дар Маскав таҷлили Наврӯз лағв шуд

© Sputnik / Игорь Лекаркин. Празднование Навруза в Москве, архивное фото
Празднование Навруза в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҷлили Наврӯз дар пойтахти Русия то мӯҳлати номуайян мавқуф шуд. Ин қарор дар ҳошияи як супориши мири Маскав қабул гардид

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Имсол, 22 март Наврӯзро дар Маскав таҷлил намекунанд, гуфт ба Sputnik Тоҷикистон роҳбари Маркази фарҳанги тоҷикон Хуршеда Ҳамроқулова.

Подготовка к празднованию Навруза в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Қатъ нашудааст: тамрини 11 ҳазор нафар, барои Иди Наврӯз дар Хуҷанд - акс
Ин қарор дар ҳошияи супоиши мири Маскав Сергей Собянин дар бораи лағви ҳама гуна чорабиниҳо бо иштироки бештар аз 5 ҳазор нафар қабул шудааст.

"То 10 апрел бино бар супориши мири Маскав чорабиние доир намешавад. Ман пешниҳод кардам, ки Наврӯзро ба 12-13 апрел гузаронанд. Зеро, аз қадим Наврӯзро 30 рӯз таҷлил мекунанд. Дар шаҳрдорӣ розӣ шуданд, аммо гуфтанд, ки посухи дақиқро дертар медиҳанд. Феълан мо интизорем ва омодагиро идома медиҳем", - қайд мекунад Ҳамроқулова.

Омодагӣ ба Наврӯз: насби бузургтарин табақи суманак дар шаҳри Душанбе

Агар боз ҳам иҷозат дода нашавад, пас масъалаи лағви пурраи Наврӯз дар Маскав баррасӣ мешавад.

 

Ёдрас мешавем, Наврӯз дар Маскав 22 март таҷлил мешавад. Имсол ба нақша гирифта шуда буд, ки дар ҷашни  бештар аз 50 ҳазор нафар иштирок мекунанд ва аз буҷаи шаҳр 20 миллион ҷудо гашта буд.

Лентаи хабарҳо
0