Хоҳиши муфтиёти шаҳри Маскав аз мусалмонон: намозро муваққатан дар хона бихонед

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкПраздник Ураза-байрам в России
Праздник Ураза-байрам в России - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи густариши коронавирус дар Русия идораи маънавии мусулмонони шаҳри Маскав ба мусалмонони муқими ин шаҳр пешниҳод намудааст, ки барои адои намоз муваққатан ба масҷид наоянд

ДУШАНБЕ, 17 марта – Sputnik.  Идораи маънавии мусулмонони шаҳри Маскав эълон намудааст, ки мусалмонон метавонанд барои адои намоз муваққатан ба масҷид наоянд ва намозҳои худро дар хона бихонанд.

“Мо аз мардуми тақводор хоҳиш мекунем, ки намозҳои худро дар хона бихонед ва ба худ ва шахсони дигар зарар нарсонанед”, - таъкид доштааст Муфтиёти шаҳри Маскав

Дар ҳамин ҳол, идораи маънавии мусулмонони Русия ахиран эълом кард, ки муддати замони хондани намози ҷумъа бояд ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш ёбад.

Пресс-секретарь президента России Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия дар робита ба коронавирус вазъи фавқуллода эълом мешавад?

Маъмулан намози ҷумъаи мусулмонон дар Русия ҳудуди як соат   давом дорад, муфтии мусулмонони ин кишвар ба имомони ҷумъа дар саросари Русия тавсия кардааст, ки ин намозро ба муддати 10-15 дақиқа коҳиш диҳад.

Илова бар ин тавсия шудааст, ки ба таври куллӣ муддат замони иқомати муштараки мусулмонон дар фазоҳои сарпушида ва баста ба ҳаддиақал бирасад ва муддат замони намозҳои ҷамоат дар рӯзҳои дигар низ кӯтоҳ шавад.

Ҳамчунин ба ташкилоти мазҳабии мусулмон тавсия шудааст васоили зиддиуфуникунандаи дастҳоро дар маконҳо насб ва дамои бадани муроҷеакунандагонро бо табсанҷ арзёбӣ кунанд ва дар оғӯш кашидан дар байни кормандон ва мусулмонон дар масҷид ба ҳаддиақал бирасад.

Лентаи хабарҳо
0