Дар Русия дар робита ба коронавирус вазъи фавқуллода эълом мешавад?

© Sputnik / Сергей ГунеевПресс-секретарь президента России Дмитрий Песков
Пресс-секретарь президента России Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сухангӯи президенти Русия, Дмитрий Песков эҳтимоли эълом шудани вазъи фавқуллода дар Русияро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputniк. Дар Кремл қарори эълони вазъи фавқуллода дар робита ба паҳншавии коронавирус, қабул нашудааст, хабар дод сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков.

Железнодорожные пути, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Русия ҳаракати қатораҳо ба самти Тоҷикистонро қатъ кард

Ба гуфти Песков раҳбарияти Кремл ҳатто ба кори фосилавӣ гузаштанро дар назар надорад.

Дар Қирғизистон 21 рӯз карантин эълон шуд

Намояндаи расмии кишвардори Русия гуфт, раҳбарият ва кормандони Кремл бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.

"Ҳоло ягон нишонаҳое нест. Раҳбарият бо реҷаи муқаррарӣ ва риояи чораҳои лозимӣ, ки алҳол дар ҳама корхонаҳо ҳаст, кор мекунад", - гуфт Песков.

Пандемияи коронавирус

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 - уми март, маризии коронавирусро пандемия эълон кард. Афзоиши мубталоён дар кишварҳо дар ҳолест, ки дар Чин, сарчашмаи ин вирус ҳолатҳои гирифторшавӣ ба он майли коҳиш дорад.

Чин мутахассисонашро ба Эрону Ироқ ва Италия фиристодааст. Аммо дар хориҷ аз Чин теъдоди гирифторон ба 51 ҳазору 767 нафар (7488 мавриди ҷадид), мавориди фавт ба 1775 нафар (335 мавриди ҷадид) расидааст.

Лентаи хабарҳо
0