ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Афсарон ва сарбозони артиш дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх ва вулусволиҳои атрофи шаҳр маъракаи огоҳидиҳӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шуюъи “вируси корона” - ро оғоз карданд, хабар дод, Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, сухангӯи корпуси 209 – и “Шоҳин”, нерӯҳои хоси вазорати дифоъи Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон.
“Ин баргаи огоҳидиҳӣ, ки ба ҳамкории маркази расонаии “Бовар” таҳия гардида буд, имрӯз тавассути мансубини корпуси 209 – и “Шоҳин” барои ҳамватанони мо дар шаҳр ва вулсволиҳои Деҳдодӣ ва Наҳри Шоҳӣ тавзеъ гардид. Мо ҳама дар баробари вируси COVID 19 (корона) истодем ва бо амалӣ сохтани нукоти эминӣ ин вирусро шикаст хоҳем дод”, - гуфт Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ.
Корпуси 209 – и “Шоҳин”, нерӯҳои хос ё коммандои вазорати дифоъи Афғонистон бори аслии ҷангҳо бо созмонҳои мамнӯъи Толибон, ДОИШ ва дигар гуруҳҳои террористӣ дар панҷ вилояти Шимол – Балх, Самангон, Сарипул, Форёб ва Ҷузҷон мекашад.
Ба қавли Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, тайи рӯзҳои гузашта дар чор вилоят амалиёти хурду миёнаро алайҳи мавозеъи Толибон роҳандозӣ кард ва худ талофоту диду ба душман ҳам талафот расонд.
“Мо пас аз имзои созишномаи сулҳ миёни Амрикову Толибон аз вазорати дифоъи кишвар дастур гирифтаем, ки аз пахши хабарҳо дар бораи амалиёт, бахусус талафоти ҷонибҳо, худдорӣ кунем, то ба раванди сулҳ халал ворид насозем”, - гуфт сухангӯи корпуси 209 – и “Шоҳин”.
Вай афзуд, ба ҷуз ҷанг дар ҷабаҳоти мухталиф афсарону сарбозони корпуси 209 – и “Шоҳин” як маъракаи ниҳолшинониеро таҳти унвони “Ёди шуҳадо” низ роҳандозӣ кардаанд, ки дар рӯзи аввали он 600 бех ниҳол шинондаанд.
“Инҳо ниҳолҳои гуногун буда, ба мусоидат раёсати зироати вилояти Балх дар муҳавватаи парки Шуҳадои корпуси 209 – и Шоҳин шинонда шуд. Қарор аст имсол дар дохили урдугоҳи “Шоҳин” бештар аз 20 ҳазор бех ниҳоли мусмир ва ғайримусмир шинонда шавад”, - гуфт сухангӯи корпуси 209 – и “Шоҳин”.