Парвозҳо миёни Тошканд ва Душанбе муваққатан қатъ шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешГраждане Узбекистана располагаются в самолете перед полетом
Граждане Узбекистана располагаются в самолете перед полетом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парвозҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бинобар хатари паҳншавии коронавирус то поёни моҳи март қатъ карда шудааст

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Ҷониби Ӯзбекистон сар аз имрӯз барои 11 рӯз парвозҳои ҳавоияшро бо Тоҷикистон қатъ кардааст.

Врач проверяет температуру тела мужчины, возвращающегося из Ирана в карантинную зону, для проверки на коронавирус COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон
Гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон меафзояд: аз шавҳар ба ҳамсар ва набера гузашт

Бино ба иттилои “ТоҷикТА” тасмими мазкур аз ҷониби Тошкан сурат гирифта, парвозҳо то рӯзи 27 мутаваққиф шудааст.

Ба иттилои манбаъ, баъди ба охир расидани ин муҳлат, он тамдид мешавад ва ё на ин ҳоло муаян нест,

Тасмими мутавақифсозии парвозҳоро бо Душанбе ва чанд шаҳри дигар ҷониби Ӯзбекистон замоне рӯи даст гирфт, ки дар ин кишвар 4 ҳолати гирифтори мубталоии коронавирус тасдиқ шуд.

Ахиран Вазорати тандурустии Ӯзбекситон иттилоъ дод, ки шумори гирифторони коронавирус дар кишвараш ба 4 нафар расид. Аз ин теъдод зани аз Фаронса баргашта бо ду фарзандаш ва як нафари дигар, ки 15 март аз Туркия ба Тошканд ворид шудааст, мебошанд.

Ба иттилои расонаҳои Ӯзбекистон, сар аз имрӯз дар ин кишвар маркази хизматрасонии ягона (call-центр) таҳти рақами 1003 ташкил шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд оид бамасоили марбут ба коронавирус  муроҷиат кунанд.

Бахром Алматов - Sputnik Тоҷикистон
Сардухтури санитарии Ӯзбекистон дар бораи нафари мубталои коронавирус гуфт

Рӯзи гузашта Баҳром Алматов, Сардухтури санитарии Ӯзбекистон зимни як нишасти хабарӣ дар Тошканд гуфт, ин шабонарӯз ба Ӯзбекистон 4,8 ҳазор мусофир тариқи ҳавопаймо, наздики 2 ҳазор кас бо қатора ва 38 ҳазор мусофир тариқи дигар нуқтаҳои сарҳадӣ ворид шудаанд.

Ӯ гуфт, аксари мусофирон аз кишварҳои Урупо, Русия ва Қазоқистон бозгаштаанд.

Дар баробари ин пизишк қайд кард, ки таби ҳар як мусофир санҷида шудааст.

Бино ба гузориши сардухтур феълан 7,7 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон дар карантини хонагӣ қарор доранд.

Алматов қайд кард, сарфи назар аз он, ки гирифторони коронавирус дар тамоми ҷаҳон дар афзоиш аст, 80% - и беморон онро бо сабукӣ паси сар мекунанд ва аксари сироятшудагон умуман ягон нишонаҳои бемориро эҳсос намекунанд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0