Русия ҳаракати қатораҳо ба самти Тоҷикистонро қатъ кард

© Sputnik / Игорь Онучин / Гузариш ба медиабонкЖелезнодорожные пути, архивное фото
Железнодорожные пути, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шурӯъ аз имрӯз Федератсия Русия ҳаракати қатораҳои мусофиркаш ва боркашро ба самти Тоҷикситон пурра қатъ кардааст

ДУШАНБЕ, 16 марта – Sputnik. Дар ин бора ширкати Роҳи оҳани Русия имрӯз иттилоъ дода гуфтааст, ҳама гуна ҳаракати қатораҳо ба самти Тоҷикистон, ки аз сарҳади Қазоқистон мегузарад манъ карда шуд.

Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон
Тоқаев дар Қазоқистон вазъи фавқуллода эълом кард

Ширкати Роҳи оҳани Русия гуфтааст, ин тасмим ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус гирифта шудааст.

“Дар робита бо паҳншавии сирояти коронавирус, баъзе кишварҳо барои ҳаракати воситаҳи нақлиёт дар қаламравашон маҳдудиятҳо ҷорӣ кардаанд”,- омадааст дар изҳороти Ширкати Роҳҳои оҳани Русия.

Бар пояи маълумоти расмӣ шурӯъ аз имрӯз ҳаракати қатораҳо ба самти Тоҷикистон пурра қатъ шуда, замони дубора фаъол гаштани он номуаян боқи мондааст.

"Аз соати 8: 00-и субҳи 16 март гузариш аз сарҳади Қазоқистон (ки тавассути он тамоми роҳҳои оҳан байни Русия ва Тоҷикистон мегузаранд) барои ҳамаи шаҳрвандон қатъ мешавад", - омадааст дар иттилоияи Ширкати роҳи оҳани Русия.

Гуфта мешавад, убури сарҳади давлатӣ танҳо барои кормандони ташкилотҳои дипломатӣ, аъзои ҳайатҳои ташкилотҳои байналмилалӣ иҷозат дода мешавад.

Медицинские работники в защитных костюмах - Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди сироятёфтагони коронавирус дар Қазоқистон рӯ ба афзоиш аст

Дар иттилоияи ширкати Роҳи оҳани Русия ҳамчунин омадааст, гузариши марзи байни Русия ва Тоҷикистон барои шаҳрвандони ин кишварҳо, ки хешовандони наздик дар Қазоқистон ё иҷозати зист дар ин кишварро надоранд, имконпазир нест.

То кунун дар Қазоқистон 9 нафар мубталоёни бемории коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Рӯзи гузашта, дар Қазоқистон дар робита ба паҳн шудани коронавирус барои як моҳ вазъияти фавқуллода эълом карда шуд. Қарори мазкурро раисиҷумҳури Қазоқистон Тоқаев, рӯзи 15 март имзо кардааст.

Чунин вазъият як моҳ аз 15 март то 16 апрел дар ҳудуди Қазоқистон ҷорӣ шудааст.

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0