Теъдоди сироятёфтагони коронавирус дар Қазоқистон рӯ ба афзоиш аст

© AP / Kim Sun-ungМедицинские работники в защитных костюмах
Медицинские работники в защитных костюмах - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Қазоқистон аз афзоиш ёфтани шумораи мубталоёни маризии коронавирус хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 14 март – Sputnik. Ба иттилои намояндаи расмии Вазорати беҳдошти Қазоқистон,  феълан дар ин кишвар шаш мавриди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидаст. Дар ҳоле, ки дирӯз 13 - уми март аз ошкор шудани танҳо се мавриди гирифторшавӣ хабар дода шуд.

"Аломатҳои хуруҷи ин маризӣ дар соҳибкори 62 - сола ошкор шудаст, ки номбурда ба тозагӣ аз шаҳри Маскав вориди Қазоқистон гардидааст. Ҳамчунин як ҷавонзани дигар, ки аз Варшава омадааст, низ мубталои ин маризӣ мебошад", - афзудааст намояндаи вазорат Диас Аҳмадшарип.

Зимнан, навояндаи вазорат изҳор доштааст, ки 4 дардманди ин маризӣ дар Алма - Ато ва ду сироятёфтаи дигар дар шаҳри Нур - Султон зери назорати табибон қарор доранд.

Медицинские работники в защитных костюмах с термометрами - Sputnik Тоҷикистон
Шумори гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ба се нафар расид

Гузашта аз ин, ба иттилои ӯ ҷамъан дар Қазоқистон 1090 нафар дар карантин статсионарӣ ва 452 нафари дигар дар шароити хона ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Чин, хостгоҳи "вируси тоҷдор", 80 ҳазору 991 маврид (11 мавриди ҷадид) ва 3180 фавт (7 мавриди ҷадид) сабт шудааст, ки бамаротиб коҳиш ёфтани шуюъи ин вирусро бармало мекунад.

Чин мутахассисонашро ба Эрону Ироқ ва Италия фиристодааст. Аммо дар хориҷ аз Чин теъдоди гирифторон ба 51 ҳазору 767 нафар (7488 мавриди ҷадид), мавориди фавт ба 1775 нафар (335 мавриди ҷадид) расидааст.

Лентаи хабарҳо
0