Сардухтури санитарии Ӯзбекистон дар бораи нафари мубталои коронавирус гуфт

© Sputnik / Рамиз БахтияровБахром Алматов
Бахром Алматов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сардухтури санитарии Ӯзбекистон Баҳром Алматов аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки ба воҳима дода нашаванд ва қоидаҳои беҳдоштро риоя кунанд

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Ошкор шудани нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон боиси ташвиш нест, гуфт дар нишасти хабарӣ мудири Ожонси санитарии ҳамагиршиносии Ӯзбекистон, Баҳром Алматов.

"Ҳувияти ашхосе, ки бо сироятёфта дар алоқа буданд муайян карда шудааст ва рӯйхати мусофироне, ки ҳамроҳи ӯ тариқи хатсайри Фаронса-Ӯзбекистон сафар карда буданд омода шудааст ва ба зудӣ макони истиқомати ҳар яки онҳо муайян карда мешавад ва онҳо зери назорати пизишкон қарор дода мешавнд", - гуфт Алматов.

Ба гуфти ӯ феълан мутахассисон дар ин самт корҳои заруриро анҷом дода истодаанд.

Ба гуфти Алматов ин шабонарӯз ба Ӯзбекистон 4,8 ҳазор мусофир тариқи ҳавопаймо, наздики 2 ҳазор кас бо қатора ва 38 ҳазор мусофир тариқи дигар нуқтаҳои сарҳадӣ ворид шудаанд.

Ӯ гуфт, аксари мусофирон аз кишварҳои Урупо, Русия ва Қазоқистон бозгаштаанд.

Дар баробари ин пизишк қайд кард, ки таби ҳар як мусофир санҷида шудааст.

Бино ба гузориши сардухтур феълан 7,7 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон дар карантини хонагӣ қарор доранд.

Алматов қайд кард, сарфи назар аз он, ки гирифторони коронавирус дар тамоми ҷаҳон дар афзоиш аст, 80% - и беморон онро бо сабукӣ паси сар мекунанд ва аксари сироятшудагон умуман ягон нишонаҳои бемориро эҳсос намекунанд.

Лентаи хабарҳо
0