Дидори Имомзода бо Элеро: Иттиҳоди Урупо ба Вазорати маориф кумак мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр образования РТ Имомзода Мухаммадюсуф
Министр образования РТ Имомзода Мухаммадюсуф - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо дастгирии Иттиҳоди Урупо лоиҳаи "Кӯмаки техникӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар самти курси такмили ихтисоси омӯзгорон татбиқ гашта истодааст

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, рӯзи 13-уми март бо котиби якуми намояндагии Иттиҳоди Урупо дар Тоҷикистон Стефано Элеро вохӯрдааст.

Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ кумак мекунад

Бино ба гузориши Вазорати маорифи Тоҷикистон, дар оғози вохӯрӣ Имомзода аз ҳамкориҳои судманди намояндагии Иттиҳоди Урупо дар Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз доштааст, ки ҳамкориҳо миёни Вазорати маориф ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар доираи созишномаҳои аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба имзорасида ба роҳ монда шудааст.

Инчунин, зикр кардааст, ки Иттиҳоди Урупо яке аз шарикони асосии Вазорати маориф дар соҳаи маориф ва илм буда, аз ҷониби он якчанд лоиҳаҳои грантӣ дар самти ислоҳоти низоми таҳсилоти миёна ва олии касбӣ татбиқ шуда истодаанд.

Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи вижаи Иттиҳоди Урупо дар чӣ бора суҳбат кард

Стефано Элеро қайд намудааст, ки дар доираи барномаи дастгирии таҳсилоти босифат дар вазорат бо дастгирии Иттиҳоди Урупо лоиҳаи "Кӯмаки техникӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар самти курси такмили ихтисоси омӯзгорон, арзёбӣ ва банақшагирии таълим, маблағгузорӣ ва мониторинг татбиқ гашта истодааст.

Лентаи хабарҳо
0