ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, имрӯз мулоқоти роҳбари кумитаи мазкур генерал-лейтинант Рустам Назаров ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Путер Буриан баргузор гардид.
Ҷонибҳо дар рафти мулоқот аз тағйирёбии иқлими сайёра ва ҳамчунин афзоиш ёфтани ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуданд.
Роҳҳову заминҳо хароб шуданд: КҲФ сели рӯзи таҷлили Иди Фитр дар ноҳияи Рӯдакиро шарҳ дод
Дар бастагӣ ба зиёд рух додани офатҳои табиӣ дар кишвар, Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтаст, ки ироаи кумакҳояшро дар самти мубориза алайҳи бартараф кардани офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон бамаротиб афзоиш диҳад.
Зимнан, Петер Бурин афзудааст, ки Иттиҳоди Аврупо ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, махсусан дар масъалаи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.
Афтидани кӯҳпораи 6-ҳазорметрӣ ба шоҳроҳи Рӯшон-Бартанг ва баста шудани роҳ
Дар Тоҷикистон ҳамасола аз ҳисоби боронгариҳои шадид, дар минтақаҳои кӯҳи зуд- зуд офатҳои табиӣ рух медиҳанд, ки дар пай ҳам талафоти ҷонӣ ва ҳам хисороти молӣ меоранд.