ДУШАНБЕ, 16 мар— Sputnik. Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Озода Раҳмон моҳи сентябри соли гузашта дастур гирифта буд, ки тайи се моҳ қарор барои таъсиси Академияи идоракунии давлатии назди Президентро таҳия ва пешниҳод кунад.
Ҳафтаи қабл Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар заминаи Донишкадаи идоракунии давлатӣ таъсис дод. Раисиҷумҳур теъдоди ҳадди аксари кормандони Академияи ҷадидро 350 нафар ва шумораи мошинҳои хидматиро 5 адад муайян намуда, таъкид кардааст, ки маоши кормандони ин муассиса ба музди масъалини Ожонси хидмати давлатӣ баробар карда шавад.
Вазоратҳои маориф ва илм, молия ва рушди иқтисоду савдо муваззаф шудаанд, ки масоили ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молии таъсиси Академияи ҷадидро ҳал намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, таъсиси Академияи идоракунӣ ба омодагии сифатан беҳтари касбии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ мусоидат хоҳад кард.
Ӯ чанд моҳи қабл зимни ироаи дастур барои таъсиси Академия таъкид карда буд, ки ба тарбияи кадрҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дорои ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқи касбӣ, қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва забондон бошанд, эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.
“Хизмати давлатӣ бояд ба татбиқи сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳли ҷомеа нигаронида шавад. Мо бояд кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, мутахассисони дорои сатҳи баланди касбӣ ва кормандони ватандӯсту масъулиятшиносро омода намоем”, - зарур донист Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ барои олимону омӯзгорони идоракунии давлатӣ муҳим хонд, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро омӯзанду дар ин замина барномаҳои гуногунро таҳия кунанд ва ба истифодаи технологияҳои муосир ҷиҳати татбиқи нақшаи ҳукумати электронӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибкасб барои амалисозии ин мақсад саъю кӯшиш намоянд.