"Рекорд": дар Русия шумораи гирифторони коронавирус якбора афзуд

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкПассажиры Московского метрополитена в масках
Пассажиры Московского метрополитена в масках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумораи гирифторони коронаиврус дар Русия аз 34 нафар то 45 кас афзуд. Нахустин ҳолати паҳншавии вирус дар худи Русия ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дар Русия рекорди нави паҳншавии коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора РИА Новости дар истинод ба Штаби фаврӣ хабар медиҳад.

Медицинские работники в защитных костюмах с термометрами - Sputnik Тоҷикистон
Шумори гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ба се нафар расид

Ҳамагӣ дар як рӯз 11 ҳолати олудашавӣ ба коронавирус муайян гардид. Аз он, 5 ҳолат дар Маскав, 3 - дар Санкт-Петербург ва 1 дар вилоятҳои Маскав, Ленинград ва Прем мебошанд.

Ҳамаи нафарони бемор фавран ба муассисаи тиббӣ интиқол доа шудаанд ва таҳти назорати табибон қарор доранд.

 

Бино бар иттилои манбеъ, вирус ба кишвар тариқи шаҳрвандон аз Фаронса, Италиё ва Австрия ворид шудааст. Як ҳолати паҳншавӣ дар худи Русия низ муайян карда шудааст.

Изҳороти вазири беҳдошти Қазоқистон пас аз ошкоршавии ду дардманди коронавирус

Мақомот гуфтанд, ки дар Русия ду роҳи паҳншавии вируси корона, яке аз Чин дигар ва Итолиё мунайян шуд, ки кишвар тавонист роҳи аввалро пешгирӣ кунад. Ду нафаре, ки баъди баргаштан аз Чин бемориашрон дарҳол тасдиқ шуд, аз ҳамагуна иртибот бо ҷомеа канор гирифта шуданд.

Дар Маскав ва вилояти Маскав чорабиниҳои оммавӣ манъ шудаанд. Интизор меравад, чораҷӯиҳои пешгирикунанда пурзӯр гарданд.

Лентаи хабарҳо
0