Киштии хурдро дарёи бузург бояд: ифтитоҳи курсҳо барои соҳибкорони ҷавон

CC0 / Pixabay / Мужчина смотрит в окно у рабочего стола
Мужчина смотрит в окно у рабочего стола - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия як миллион доллар барои иҷрои ин барномаи СММ дар чорчӯби тарҳи "Мусоидат барои рушди тиҷорат ва навоварии ҷавонон дар Тоҷикистон" ихтисос додааст

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон бахши дувуми курсҳои соҳибкорӣ таҳти унвони “Созандаи тиҷорат” ё “Бизнес конструктор” оғоз шуд.

Мағозаи нав дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи мағозаи фурӯши либосҳои бренди итолиёвӣ дар Хуҷанд

Маросими ифтитоҳия дар Маркази иттилоотӣ - захиравии Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе баргузор гардид.

Русия як миллион доллар барои иҷрои ин барномаи СММ дар чорчӯби тарҳи "Мусоидат барои рушди тиҷорат ва навоварии ҷавонон дар Тоҷикистон" ихтисос додааст. Бахши аввали "Созандаи тиҷорат" соли 2019 бо шиори "Аз аҳдоф ба дастовардҳо" анҷом ёфта буд.

“Тавсиаи зарфиятҳои ҷавонон яке аз авлавиятҳои сиёсати чандбуъдии Русия барои ҳимоят аз Тоҷикистони дӯст аст”, - гуфт Олег Илишев, котиби аввали сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Илишев афзуд, ин курсҳо ба соҳибкорони ҷавони тоҷик ин имконро медиҳанд то маҳоратҳои тақозошавандаи ҳирфаиро дар бахши тиҷорат касб кунанд ва дар тавсеаи ҷумҳурӣ саҳим бошанд.

"Русия ба зуҳури ширкатҳои ҷадиди муассир дар Тоҷикистон, ки тавонанд шарикони қобили эътимод барои ширкатҳои русӣ шаванд, манфиатдор аст", - зикр кард намояндаи сафорат.

Мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Талаби Рустами Эмомалӣ аз соҳибкорон ба ивази дастгирӣ: ӯ молҳои серхаридорро гуфт

Ба гуфтаи корманди аршади тавсеаи иқтисодии Барномаи рушди СММ (UNDP) дар Тоҷикистон Фирӯз Саидхоҷаев, дар давоми ин курсҳо беш аз 30 нишасти омӯзишӣ баргузор мешавад, ки дар он 70 марду зани ҷавони аз 18 то 30-сола ширкат хоҳанд кард.

Ин омӯзиш 16 ҳафта ба тӯл меанҷомад.  Хотирнишон мешавад, ки бачаҳо ба тимҳо тақсим мешаванд. Ҳар тим барои тавсеаи бахши хусусӣ бояд як идеяи тиҷорӣ эҷод кунад.

“Дар гузашта 15 тим идеяҳои тиҷории худро дар поёни курсҳо ироа доданд ва 5 маврид аз онҳо роҳандозӣ шуд. Онҳо дар ҳоли ҳозир кор мекунанд", - гуфт Саидхоҷаев.

Матлуба Солеҳова, мудири созмони хайрияи “Пешрафт”, ки иҷрои тарҳи “Созандаи тиҷорат”-ро ба зимма дорад, гуфт, афсонаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки дар Тоҷикистон роҳандозии тиҷорат ё бизнес хеле мушкил аст, аммо ин фақат фаҳмишҳои ғалат ҳастанд, ки ҷавонон ба он чӣ мардум мегӯянд, гӯш медиҳанд.

Озмуни беҳтарин соҳибкори соли 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Киҳо соҳибкори беҳтарини соли 2019 эълон шуданд? - акс

“Ҳангоми мусоҳибаҳо аз ҷавонон як суол доштем, ки шумо чӣ монеаҳоеро дар фаъолиятҳои соҳибкорӣ мебинед. 90%, тақрибан ҳама гуфтанд, ки андоз. Саволи баъдӣ ин буд: манзури шумо чист? Кадом андоз? Чӣ қадар аз кадом ҳаҷми гардиш бояд андоз супоред? Маълум шуд, ки аксарият огаҳӣ надоранд. Ҳадафи мо маҳз ин аст, ки ҷавонон аз воқеиятҳо огоҳ шуда, дар шурӯъи тиҷорати худ ҷасорат пайдо кунанд”, - гуфт Матлуба Солеҳова.

Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон, дар ин кишвар беш аз 300 ҳазор воҳиди тиҷорӣ вуҷуд дорад. Бар асоси иттилооти Утоқи тиҷорат ва саноати Тоҷикистон, дар соли 2019 саҳми бахши хусусӣ дар тавлиди нохолиси дохилӣ (ТНД) 70 дарсад буд.

Гуфтанист, ки Русия яке аз пешгомон дар заминаи мусоидат ба рушди Тоҷикистон, аз ҷумла дар чаҳорчӯби барномаҳои ҷавонон аст. Бар асоси иттилооти сафорат Русия дар ҷумҳурӣ, 21 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, 12 ҳазор нафар аз онҳо аз буҷа таъмини молӣ мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0