ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Сар аз авоили ҳафтаи оянда дар Қирғизистон макотибу донишгоҳҳо ба карантини се ҳафтаина мегузаранд. Дар ин бора Сооронбой Жээнбеков зимни ҷаласаи фаврии Шӯрои амният қарори дахлдор ба имзо расонд.
Ба изҳори кишвардори Қирғизистон, саломатии шаҳрвандон аз ҳама чиз волотар аст .
"Аз ин рӯ, ба хотири ҷилавгирӣ аз воридшавии коронавирус ба Қирғизистон дари макотиб ва донишгоҳҳо баста мешавад", - афзудаст Жээнбеков.
Ҳамин тариқ, аз 16 - уми март, таҳсил дар мактабҳо ва муассисаҳои олии таълимии Қирғизистон муваққатан боздошта мешавад.
Зимнан, раисҷумҳури Қирғизистон аз тадобирҳои пешгирифтаи аксар кишварҳо ёдовар шуда афзуд, ки бо вуҷуди латмаи сахт ворид шудан ба буҷаи давлаташон, марзҳоро ба рӯи кишварҳои домангири коронавирус маҳкам намуданд.
Теъдоди сироятёфтагони коронавирус дар Қазоқистон рӯ ба афзоиш аст
Ва Қирғизистон низ, аз сари кор гирифтани чунин тадобир дар канор намемонад, ҳарчанд ба хисороти калонҳаҷм рӯбарӯ мешавад, зеро саломатии шаҳрвандон аз ҳама чиз волотар аст, афзудаст Жээнбеков.
Феълан, маризии сироятии коронавирус ба Қирғизистон ворид нашудаст, вале ҳукумати ин кишвар ҳамоно ба хотири пешгирӣ намудан аз воридшавии вирус, ба ҳар гуна тадобирҳо даст мезанад.
Қобили зикр аст, ки дар Қазоқистон аллакай шаш ҳолати гирифторшавӣ ба маризии сироятии коронавирус сабт гардидаст.
Зимнан, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 - уми март, маризии коронавирусро пандемия эълон кард.