Сокинони ба ваҳм афтодаи аксар кишварҳои ҷаҳон бозори фурӯши озӯқавориро гарм намуда истодаанд. Мардуми ба воҳима афтода, саргарми дурӯғгӯиҳои ҳамдигар шуда, рафҳои мағозаҳоро комилан аз маводи хӯрока тоза намудаанд.
Ҳарчанд ҳукуматдорон аз басандагӣ будани захираи хӯрокворӣ барои чанд сол бонг мезананд, вале сокинон танҳо ба гапҳои ҳамдигар гӯш дода, саргарми харид ва захира кардани хӯрокворӣ ҳастанд.
Дунёи ниқобпӯшон: роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус дар кишварҳои гуногун - акс
Айнан чанд ҳафта қабл дар бозорҳои Тоҷикистон низ ҳамин вазъият мушоҳида мешуд. Мардум қурбони сару садоҳои беасос бобати камчин шудани маводи ғизоӣ шуда, ба якборагӣ 4 -5 ё аз ин ҳам бештар халтаи орд ва равғанро харидорӣ мекарданд.
Зимнан, бо баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳии мақомоти қудратӣ, дар бозорҳои Тоҷикистон ба ин ҳаводис нуқта гузошта шуд. Ҳамзамон мақомоти дахлдор гуфта буданд, ки воҳимаандозони ин вазъро дастгир мекунанд ва ҷазои сахт ҳам медиҳанд.
Вазъи мағозаҳои бузурги шаҳрҳои Лондон, Италия, Испания ва чанд кишвари дигарро аз тасвирбаёни мо мушоҳида кунед.







