Намоз мехонем, бо ниқоб ҳам бошад: масҷидҳо боз мешаванд?

© © Sputnik / Амир ИсаевПраздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон мегӯяд, дар масҷидҳои кишвар тадобири профилактикӣ идома доранд ва эҳтимолан ба ҳамин қарибӣ намозгузориҳои дастаҷамъона аз сар гирифта мешаванд

ДУШАНБЕ, 14 март – Sputnik. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, иттиҳодияҳои динӣ дар ин самт тамоми тадобирро рӯи даст гирифтаанд, ки маъракаи корҳои профилактикиро ба анҷом расонда, шароити бехатари намозгузориро фароҳам кунанд.

Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
“Тоҷат бишканад!” Охирин намози ҷамоат дар масҷидҳои Душанбе

"Таври маълум, далели муваққатан қатъ шудани баргузории намозҳои ҷамоат осебпазирии вазъи санитарии масоҷид унвон шуда буд. Аз ин хотир, Кумита, Шӯрои уламо бо иттиҳодияҳои динӣ ба машварат нишаста, тавсия шуд, ки дар ин амр тадобир рӯи даст гирифта шаванд. Худи иттиҳодияҳои динӣ гузаронидани корҳои профилактикӣ ва зиддиуфунӣ кардан (дезинфексия) - и масоҷид, бахусус таҳоратхонаҳоро бар дӯш гирифтанд", - гуфт Афшини Муқим.

Дар посух ба ин суол, ки "оё имкон дорад пас аз амалӣ шудани ин тадобир масҷидҳо боз шаванд?", сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон посухи мусбат дод, аммо афзуд, дар бораи муҳлат ё санаи дақиқ ҳоло намешавад сӯҳбат кард.

"Хушбахтона, ҳоло ягон мавриди гирифторӣ ба "вируси тоҷдор" дар Тоҷикистон сабт нашудааст. Мо мебинем, ки чун вазъ мусоид шавад, ҳатман шурӯъи намозҳои ҷамоат дар масҷидҳоро маслиҳат хоҳем донист", - гуфт Афшини Муқим.

Намозҳои ҷамоат дар масҷидҳои Тоҷикистон аз 4 марти соли равон ба ин сӯ бо тавсияи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар мутаваққиф шудаанд.

Шӯрои уламои Тоҷикистон зимни як муроҷиат аз мусалмонони кишвар хост, ки ба хотири пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимолияти сирятёбву паҳн гардидани бемории "вируси тоҷдор" аз намозгузории дастҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ кунанд.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Ҳукумат: чораҳо алайҳи коронавирус дар масоҷид, бозор, тӯйҳою ҷойҳои серодам

Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Салом, як намозгузори масҷиди "Шоҳмансур", ба Sputnik Тоҷикистон аз ин талошҳои мақомот барои боз кардани дарҳои масоҷид изҳори хушӣ карда, гуфт, ин рӯзро аз таҳи дил интизор аст: "Давлат худ хуб медонад, ки чӣ кор кунад. Ин вирус ҳоло тамоми дунёро фаро гирифтааст. Эҳтиёт кардан даркор аст. Қуръону Пайғамбар ҳам инро гуфтаанд, ки худкушӣ ҳаром ва худкуш кофир аст. Агар шароити намозгузорӣ дар Тоҷикистон мусоид ҳисоб кунанду иҷоза диҳанд чӣ аҷаб! Зарур бошад, ниқобашро ҳам мепӯшем, ҳамон либосҳои яквақтаро ҳам ба бар мекунем, то намоз гузорему дуои кунем, ки Худованд мардуми дунёро аз ин офат раҳонад!"- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Қаблан муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфта буд, ки ба далели макони таҷаммуъи зиёди мардум будан масҷидҳо аз лиҳози санитарӣ осебпазиранд. Мирҳамуддин Камолзода гуфт, масҷидҳо дар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ нуқтаҳое мебошанд, ки шаҳрвандони зиёд, аз ҷумла хориҷиҳо барои адои намоз меоянд.

"Шумо хуб медонед, ки роҳи паҳншавии "вируси тоҷдор" ҳавоии қатраӣ аст. Вақте нафари намозгузор саҷда мекунад ё рукуъ меравад, сар ба гилем ё қолин мегузорад. Маҳз гилем ё қолин манбаъи сироят мешавад. Масоҷиди мо имкони ҳар рӯз 6 – 7 маротиба бо маводи хлордор безарар кардани гилему қолинҳоро надоранд. Вазъи дигар кишварҳои мусулмониро ҳам омӯхта, тавсияҳои худро бо Шӯрои уламо ба миён гузоштем", - гуфт Камолзода.

Қаблан бо тавсияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омодагиҳои ҷашнӣ, аз ҷумла ба истилоҳ, "маршировка" – ҳо ва гаштҳои ҷамъӣ ба хотири таҷлили иди Наврӯз, чорабиниҳои дастҷамъона, назири озмуну олимпиадаҳо ва ғайраро низ қатъ кард.

Лентаи хабарҳо
0