ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон, дар пайи маҷлиси Ҳукумат, ҷаласаи ситодро дар Вазорат баргузор карда, супоришҳори Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаи тандурустию пешгирии коронавирус ба миён гузоштааст.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, барои пешгирии сирояти коронавирус дар байни аҳолӣ, аз ҷумла дар ҷойҳои серодам, бозорҳо, масҷидҳо, тӯйю маъракаҳо, риояи гигиенаи шахсӣ, чораҳои мушаххас баён гардида, ба масъулин супоришҳо дода шуд. Ин ниҳод чораҳои мушаххасеро, ки дар бозор, масҷид, маъракаҳо ва дигар ҷойҳои серодам амалӣ мешаванд, ном набурдаст.
Вазир дар пайи ҷаласаи Ҳукумат супориш додаст, ки корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ тариқи ВАО васеъ ба роҳ монда шаванд.
“Мутахассисони соҳа тавсияҳои худро оид ба риояи гигиенаи шахсӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳангоми омодасозии ғизо, муносибат бо кӯдакон, махсусан, бо тифли навзод ба мардум пешниҳод намоянд”, - таъкид кардааст вазири тандурустии Тоҷикистон.
Насим Олимзода рӯзи гузашта дар ҷаласаи Ҳукумат гузориш дод, ки то ҳол ягон ҳолати сирояти коронавирус дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки дар моҳҳои охир ба қаламрави Тоҷикистон ворид гардидаанд, ба қайд гирифта нашудааст.