Вазири мудофиаи Ӯзбекистон барои назорати тамринҳои низомии дуҷониба ба Тоҷикистон меояд

© © Sputnik / Рамиз БахтияровМинистр обороны Узбекистана генерал-майор Баходир Курбанов
Министр обороны Узбекистана генерал-майор Баходир Курбанов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баҳодур Қурбонов, вазири мудофиаи Ӯзбекистон фардо барои боздид аз тамринҳои зиддитеррористии воҳидҳои таъиноти махсуси вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон вориди Тоҷикистон мешавад.

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Ориф Низомиён, сухангуи вазорати дифои Тоҷикистон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вазири мудофиаи Ӯзбекистон фардо бо сафари якрӯза вориди кишвар мешавад.

Тағйирот - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон

Номбурда гуфт, Баҳодур Қурбонов барои назорат аз рафти тамринҳои зиддитеррористии воҳидҳои таъиноти махсуси вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар машқгоҳи ҳарбии “Фахробод”, ҷараён доранд, меояд.

Ориф Низомиён гуфт, тамринҳои муштараки зиддитеррористии Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз 11 март дар машқгоҳи “Фахробод” оғоз шуда то фардо 14 март идома меёбад

Гуфта мешавад, тамринҳо таҳти роҳбарии Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон идома дошта,  амалҳои муштараки намояндагони артиши ҳар ду кишвар дар мавриди иҳота ва маҳви террористони шартӣ, ки дар қитъаи пайвастшавии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон марзро убур кардаанд, мавриди санҷишу такмил қарор мегиранд.

Ба иттиллои манбаъ, дар фарҷоми тамринҳо мулоқоти вазирони мудофиаи ҳарду кишвар дар назар буда, ба иштирокдорони фаъоли чорабинӣ туҳфаҳо супорида мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0