Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон

© Sputnik / / Владимир ФедоренкоТағйирот
Тағйирот - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Вазорати мудофиа ва сохторҳои дигари қудратӣ як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон муовини якум ва муовинони вазири мудофиа, сардори раёсати иктишофи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро аз мақомашон барканор кард, хабар медиҳад Хадамоти матбуотии сарвари давлат.

Ба иттилои манбаъ, Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим, ки то ин вақт фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ буд, муовини якуми вазири мудофиа-сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ таъин гардид.

Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои ВКД Тоҷикистон

"Ғуломзода Абдулҳошим, Латифзода Асрор Қурбон ва Холзода Солеҳ Ҳусайн муовинони вазири мудофиа таъин карда шуданд", — гуфт манбаъ.

Инчунин бо фармони Эмомалӣ Раҳмон Саидзода Бобоҷони Абдуқодир фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ таъин шуд."Дар мувофиқа бо раисиҷумҳур Шарипов Ҷалолиддин Маҳсиддинович сардори раёсати иктишофи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид".

Мирзоев Бадриддин Қиёмиддинович ба мақоми муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оид ба корҳои тарбиявӣ ва Носиров Одилбек Раҳмонович ба мансаби муовини сардори сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ таин гардиданд.

Бозтоби ҳолномаи Назарзода дар расонаҳо: аз “сникерсхӯр” то генерал

Дар сохтори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Восеъ, ноҳияи Рӯшон ва ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иваз карда шуданд.

Ин тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон баъд аз ду моҳ аз ҳаводиси сентбр сурат гирифт. Ёдрас менамоем, субҳи 4 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе алайҳи кормандони пулис, аз ҷумла Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамла сурат гирифт, ки дар пайи он наздик ба 10 корманди мақомоти қудратии кишвар кушта шуданд.

Вазорати умури дохилии кишвар пас аз чанд соати ин ҳамалот бо нашри изҳороте ин ҳамаро кори дастаи террористие хонд, ки гӯиё аз сӯи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ташкил гардидааст. Масъулини ВКД дар изҳороти худ таъкид карданд, ки муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон узви ҲНИТ аст.

 

Лентаи хабарҳо
0