Сардор Маҳмадзода: сухангӯи нави ВКД кист?

© акс аз дафтари матбуоти ВУД ТоҷикистонНусратулло Маҳмадзода сардори маркази матбуоти ВУД Тоҷикистон
Нусратулло Маҳмадзода  сардори маркази матбуоти  ВУД Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чанде қабл Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон фармони барканории Умарҷони Эмомалӣ аз вазифаи сардори маркази матбуоти вазоратро имзо кард ва расонаҳо аз таъйини Нусратулло Маҳмадзода ба ҷои ӯ хабар доданд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Полковник Умарҷони Эмомалӣ аз соли 1999 ба мақомоти корҳои дохилӣ пайваста, аз 2016 то 3 январи соли равон Маркази матбуоти ВКД – ро раҳбарӣ мекард. Расонаҳо ӯро аз дастрастарин сухангӯёни ҳукумати Тоҷикистон тавсиф кардаанд.

Умарджони Эмомали пресс-секретарь МВД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар ВКД Тоҷикистон: ба Умарҷони Эмомалӣ вазифаи нав доданд

Он чӣ дар бораи Нусратулло Маҳмадзода расонаҳо хабар доданд, ин буд, ки мавсуф таҷрибаи кор дар ВКД-ро дошта, барномаи "Ахбори ВКД"-ро дар телевизиони давлатӣ таҳия мекард.

Умарҷони Эмомалӣ гуфт, ки бештар кадом биноҳоро ба фоҳишахона табдил медиҳанд

Дар иттилоияе, ки аз маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастраси Sputnik Тоҷикистон шуд, Маҳмадзода Нусратулло Маҳмад (дар гузашта Нусратулло Саидов) "сардори Маркази матбуот" муаррифӣ шудааст.

Маҳмадзода майори милитсия буда, 25 феврали соли 1976 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик ва хатмкардаи факултети забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Академияи ВКД – и Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос мебошад. Ӯ фаъолияти худро дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2008 шурӯъ кардааст.

"Маҳмадзода Нусратулло Маҳмад сухангӯи бахши матбуотии РВКД дар шаҳри Душанбе (2008 - 2011), муовини сардори Маркази матбуоти ВКД (2011-2012), ваколатдори калони оперативии Раёсати амнияти дохилии ВКД - и Тоҷикистон (2012-2013) ва муовини сардори Маркази матбуоти дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ (декабри соли 2013 то 3-юми январи соли 2020) буд", - омадааст дар иттилоияи Маркази матбуоти ВКД – и Тоҷикистон.

Маҳмадзода Нусратулло Маҳмад 3 январи соли 2020 бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сардори Маркази матбуоти дастгоҳи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъин карда шуд.

"Дар давоми фаъолият барои хизматҳои арзанда ӯ бо ифтихорномаву раҳматнома, нишонҳои сарисинагии “85-солагии милитсияи тоҷик”, “Барои хизматҳои аъло дар ВКД”, медалҳои “Садоқат”, “Милитсияи тоҷик” ва “Хизмати шоиста” аз ҷониби роҳбарияти ВКД қадрдонӣ карда шудааст", - омадааст дар иттилоия.

Ӯ оиладор ва соҳиби 4 фарзанд аст. Ин манбаъ меафзояд, Маҳмадзода яке аз ҳирфаиёни соҳаи иттилоотии умури корҳои дохилӣ буда, таъйиноташ бо иттифоқи назари раҳбарияти вазорат сурат гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0