Криштину Роналду ба карантин рафтааст

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкКриштиану Роналду
Криштиану Роналду  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Криштиану Роналдо, ҳамлавари яккачини Португалия ва дастаи “Ювентус”-и Италия, дар пайи ба коронавирус гирифтор шудани ҳамдастааш ба карантин рафтааст

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Пойгоҳҳои варзишии ҷаҳонӣ дар ин бора иттилоъ дода гуфтаанд, Роналдо баъди он, ки дар ҳамдастааш Даниел Ругани, ҳимоятгари “Ювентус” нишонаҳои коронавирусро пайдо кардаанд, ба карантин рафтааст.

Ноги и футбольный мяч - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамдастаи Роналдо, ҳимоятгари "Ювентус" гирифтори коронавирус шудааст

Ба иттилои манобеъ, ҳоло ӯ дар хонааш дар Мадейра қарор дошта ба бошгоҳаш, “Ювентус” низ хабар додааст, ки 14 рӯз дар он ҷой меистад.

Педру Рамош, вазири тандурустии Майдейра низ тасдиқ кардааст, ки футболист ҳоло дар ҷазира қарор дорад ва ӯ чанд рӯз пеш аз Италия баргаштаас. Ба гуфти ӯ хонанишии футболист то омадан ба Мадейра сурат гирифта будааст.

Номбурда гуфтааст, худи Роналдо ва аҳли оилааш нишонаҳои коронавирус дида намешавад.

Дар бора ба карантин рафтани футболбози машҳур рӯзноманигори beIN Sports - Танкреди Палмери дар саҳифаи твитерияш хабабар дода гуфт, Роналдо ба дастааш хабар дода гуфтааст, бо сабаби ба коронавирус гирифтор шудани ҳамдастааш Дание Ругани ҳоло ба бошгоҳ бар намегардад.

Рӯзи гузашта сомонаи бошгоҳи "Ювентус" хабар дод, ки Даниел Ругани, ҳимоятгари бошгоҳи мазкур ба ин беморӣ гирифтор шудааст ва ҳаммаи он нафароне, ки бо дар алоқа буданд, месанҷад.

Дар пайи чораҳои пешгирӣ аз ин беморӣ ҳамчунин бозии ҷавобии дастаҳои "Ювентус" ва "Лион" дар даври 1/8 финалии Лигаи чемпионҳо ба вақти номуаян гузошта шуд.

Миёни кишварҳои аврупоӣ паҳншавии коронавирус ва ҳодисаҳои маргумир дар Италия ба шиддат боло меравад ва дар пайи ин рӯзи сешанбе нахуствазири Италия Ҷузеппе Конте барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус эълон кард, ки тамоми фаъолиятҳои тиҷорӣ ба истисно баъзе мағозаҳо ва дорухонаҳо қатъ карда шавад ва дар саросари кишвар маҳдудиятҳои рафту омад ҷорӣ кард. 

 

 

Лентаи хабарҳо
0