ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Кристалина Георгиева, раиси Сандуқи байналамилалии пул, ахиран дар баёнияе аз кӯмаки молии изтирории ин сандуқ ба мизони 50 миллиард доллар барои кӯмак ба кишварҳои даргир бо густариши вируси корона хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.
Абдунносир Ҳимматӣ, раиси кулли Бонки марказии Эрон рӯзи панҷшанбе бо ишора ба густариши густурдаи вируси корона дар ҷаҳон эълом кард, Бонки марказии Эрон дар номае ба раиси Сандуқи байналмилалии пул, хостори истифода аз ҳаққи Теҳрон барои баҳрамандӣ аз тарҳи 50 миллиарддолларии тасҳилоти ин сандуқ барои пешгирӣ, дармон ва муқобила бо осори иқтисодии вируси корона шудааст.
Ҳимматӣ ёдовар шуд, вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул метавонад меъёри хубе, барои арзёбии иддаоҳои онҳо дар кумак ба контроли ин вирус ва коҳиши дарди мардуми осебдида бошад.
Раиси кулли Бонки марказии Эрон ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, Сандуқи байналмилалии пул ба ин масъулияти худ дар ҳавзаи вазоифаш ба суръат амал кунад.
Коронавирус, ки расман COVID-19 ном ном дорад, нахустин бор дар шаҳри Вуҳони Чин шиносоӣ шуд ва акнун ба беш аз 120 кишвари ҷаҳон сироят кардааст.
Бар асоси охирин омор, токунун 9 ҳазор нафар дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод 2 ҳазору 959 нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд ва ҳамчунин 354 нафар бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд.