ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Бо гузашти ҳамагӣ чанд дақиқа пас аз ҷо додани ин акс, ҳама ба баррасии гарми он пардохтанд. Уайт бо гузоштани акс ишора намудаст, ки шояд муҳорибаи Ҳабиб ва Тонӣ баргузор нагардад.
.@RTSportNews in Dana White’s IG story. Looks like every guy really is thinking the same thing.
— Danny Armstrong (@DannyWArmstrong) March 12, 2020
Disclaimer: coronavirus should taken seriously... especially if it has a threat of canceling Khabib v Tony #UFC249 pic.twitter.com/YmAbwClNDa
Пас аз нашр шудани ин акс, шумори зиёди корбарон ба Дана Уайт дархост ироа намуданд, ки муҳорибаи ин ду размикорро ба ҳеҷ ваҷҳ лағв накунад.
Қобили зикр аст, ки муҳорибаи Ҳабиб ва Фергюсон бояд шаби 18 ба 19 - уми апрел дар шаҳри Ню - Йорк баргузор гардад.
Дар сурати лағв шудани муҳорибаи Ҳабиб ва Тонӣ, ин аллакай панҷумин маротиба хоҳад шуд, ки рақобати онҳо бо сабабҳои гуногун ба таъхир ва ё лағв мешавад.
Писхандзании Ҳабиб ва Макгрегор ба ҳам: Конор сар кард-аксу видео
Ҳабиб Нурмуҳаммадов феълан қаҳрамони UFC дар вазни сабук буда, 28 набардро бидуни бохт анҷом додааст. Аммо рақиби амрикоии ӯ Тонӣ Фергюсон 25 муҳориба гузарондаст, ки дар се маврид ба шикаст мувоҷеҳ шудааст.