ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори доғистонӣ гуфтааст, умед дорад рақибаш Тони Фергюсонро дар зӯрозмоии навбатияш пеш аз муҳлат мағлуб хоҳад кард.
Нурмуҳаммадов дар шарҳи маҳорати рақибаш гуфт, ин муҳориба барояш писанд аст, зеро агар ба ҳолномаи Фергюсон нигаред, дақиқ мешавад, ки ӯ як размикори ҳақиқист ва шонси хубро дорост.
Размикори доғистонӣ мегӯяд, ин муҳориба барояш як озмоиши воқеист, алалхусус бисёриҳо бовар доранд, ки Фергюсон пирӯз мешавад ва ӯ дар идома қайд кард, ки барои як муборизи воқеӣ ва шинохта шудан, бояд онҳоеро мағлуб кард, ки ҳама ба ӯ пирӯзиро бартарӣ медиҳанд.
Ба андешаи ӯ чунин варзишгар, Фергюсон аст ва новобаста аз тавоноии ӯ қаҳрамони UFC Ҳабиб нақша дорад, ки бо усули хосаи худ, ӯро пеш аз муҳлат мағлуб кунад.
“Ман барои пирӯзии пеш аз муҳлат нақша дорам. Ман кӯшиш мекунам Фергюсонро пеш аз муҳлат дар даври дуюм ва ё сеюм мағлуб намоям”,-гуфтааст Ҳабиб.
Ёдовар мешавем рақобати Ҳабиб ва Фергюсон санаи 18 апрел дар Ню-Йорк доир мешавад.
Қаблан UFC чор маротиба талош карда буд то рақобати ин ду размикорро роҳандозӣ намояд, аммо бо сабаби латбардориҳои варзишгарон он доир намешуд.
Дар умум Тони Фергюсон то имрӯз 25 рақобат карда, 3-тои онро бо мағлубият хотима додааст. Нурмуҳаммадов бошад, давоми карерааш 28 муҳорибаро бидуни шикаст пушти сар кардааст.