Баҳодур Усмонов нахустин роҳхати олимпиро аз Тоҷикистон ба даст овард

Обуна шудан
Муштзани шинохтаи тоҷик Баҳодур Усмонов, баъди шикасти ҳарифи эронияш соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 шуд

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Баҳодур Усмонов, имрӯз дар мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё – Уқёнус дар марҳилаи бокс-офф Ашкон Ризоӣ, варзишгари Эрониро бо ҳисоби 5:0 шикаст дода, роҳхати олимпиро ба даст овард.

Баходур Усмонов - Sputnik Тоҷикистон
Баҳодур Усмонов дар даври аввали мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Урдун пирӯз шуд

Муштзани тоҷик дар вазни 63 кило бо варзишкори эронӣ рақобат кард.

Баҳодур Усмонов дар ин мусобиқа дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Непал Санил Шаҳӣ ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз варзишгари Обада Алкасбаи урдунӣ мағлуб шуда буд.

Ҳамчунин дар баробари Баҳодур Усмонов Обада Алкасба аз Урдун, Закир Сафиулин аз Қазоқистон, Баатарсуҳиин Чинзориг аз Муғулистон, Элнур Абдураимов аз Узбекистон ва Маниш Каушики ҳиндустонӣ ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст оварданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз Шаббос Неъматуллоев, муштзани дигари тоҷик низ дар вазни то 81 кило бо Санчин Кумари ҳинду барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ вориди майдон мешавад.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи соли ҷорӣ доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё - Уқёнус 12 варзишгари тоҷик ширкат карданд, ки 10 нафарашон мағлуб шуданд.

 

Лентаи хабарҳо
0