Низомиёни тоҷику ӯзбек размоиши муштарак доир мекунанд

© © Sputnik / Амир ИсаевВоенные учения, архивное фото
Военные учения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳадаф аз ин тамринот, ки дар он худравҳои зиреҳпӯш ва чархболҳо низ истифода мешавад, машқи таъомули муштарак барои аз байн бурдани гурӯҳи террористии шартӣ дар марзи миёни ду кишвар аст

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Хадамоти вижаи Ӯзбекистон бо худравҳои зиреҳпӯш вориди размоишгоҳи Фахрободи Тоҷикистон шуданд, то дар размоиши муштарак ширкат кунанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон
Путин дар размоиши “Марказ – 2019” иштирок мекунад

Бино ба иттилоъи вазорати дифоъи Тоҷикистон, дар размоиш се дастаи хадамоти вижаи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. марҳилаи фаъоли размоиш рӯзҳои 11-14 март баргузор мешавад.

Сараввал низомиҳо бо ҷойи баргузоршавии размоиш ошно мегарданд.

Ҳадаф аз ин тамринот, ки дар он худравҳои зиреҳпӯш ва чархболҳо низ истифода мешавад, машқи таъомули муштарак барои аз байн бурдани гурӯҳи террористии шартӣ дар марзи миёни ду кишвар аст.

Посух ба ҳамлаи 100 ҷангҷӯ ба марзи Тоҷикистон: гузориши аксӣ аз размоиш

Ёдовар мешавем, ки нахустин размоиши муштараки сарбозони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон моҳи сентябри соли 2018 дар маркази омӯзишии “Чоррух-Дайрон” ва размоишгоҳи “Нурафшон”-и устони Суғд баргузор шуда буд. моҳи сентяби соли гузашта чунин размоиш дар размоишгоҳи “Ғурумсарой”-и вилояти Намангони Ӯзбекистон барпо шуд.

Лентаи хабарҳо
0