ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Сардори Раёсати умури дохилиӣ дар вилоятим Суғд, генерал Абдулло Навҷувонов аз муқобилияти волидон дар вилояти Суғд барои донишандӯзии фарзандонашон шадидан нигаронӣ намудааст.
Ба иттилои Навҷувонов, соли гузашта барои иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва тарбияи ноболиғон, нисбат ба 2 ҳазору 598 волидайн бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маводи маъмурӣ ба расмият дароварда шудааст.
Гузашта аз ин, генерал аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ нисбати 27 нафар волидайн хабар дод, ки барои таҳсил кардани фарзандони худ монеъ шудаанд.
Сабти 21,9 ҳазор ҷиноят: қонуншикании калонсолон каму аз ноболиғон зиёд шуд
Қаблан Додситони кулли Тоҷикистон аз муҷозот шудани як сокини Кӯшониён хабар дод, ки се фарзанди худро аз таҳсил дар макотиб боздоштааст.
Ба иттилои манбаъ, падар онҳоро бо баҳонаи духтар буданашон ба таҳсил фарогирӣ накардааст.
Прокуратураи ноҳияи Кӯшониён нисбати Холов З.Ш. бо моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол гардид.
"Бо ҳукми суди ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон Холов З.Ш. гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои сазовор маҳкум гардид", - менависад манбаъ.
Аммо додситонӣ тавзеҳ намедиҳад, ки ҳукми додгоҳ нисбати Холов кадом буд.
Моодаи 164 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои монеъ шудани шахси воқеӣ ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ аз ҷарима ба андозаи то ду ҳазор нишондиҳанда ё ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад.