Чор даста аз Тоҷикистон дар мусобиқоти Лигаи Узбекистон ширкат мекунад

© Сомонаи Федератсияи футболи ТоҷикистонКубка Лиги Узбекистан
Кубка Лиги Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чор дастаи футболи  Тоҷикистон “Хуҷанд”-и (Хуҷанд), “Регар-ТадАЗ”-и (Турсунзода), “Куктош”-и (Рӯдакӣ) ва “Истаравшан”-и (Истаравшан) дар  муслбиқоти Лигаи Узбекистон ширкат мекунанд.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ дода гуфтааст, ин дастаҳо алакай таъйид карданд, ки дар мусобиқоти кишвари ҳамсоя ширкат мекунанд.

Футболисты на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шикасту пирӯзиҳо дар даври аввали Ҷоми ФФТ

Ба иттилои манбаъ, иштироки дастаҳои футболи кишвар бо даъвати Иттиҳодияи футболи Узбекистон сурат гирифта, дар он ҳамчунин дастаҳо аз Қирғизистон низ ширкат мекунанд.

Гуфта мешавад, дар баробари дастаҳои “Хуҷанд”, “Регар-ТадАЗ”, “Куктош” ва “Истаравшан”-и Тоҷикистон тимҳои  “Дордой” (Бишкек), “Алай”, “Каганат” ( Ош) ва “Абдиш-Ата” (Кочкор-Ата)-и Қирғизистон ширкат мекунанд.

Ҷоми Лигаи Узбекистон-2020 дар шаш давра доир гашта, 7 апрел оғоз ёфта даври финалии он 26 август баргузор мешавад.

Ҷоми Лигаи Узбекистон бори нахуст соли гузашта доир гашта, имсол эълон карданд, ки дар он дастаҳо аз кишварҳои ҳамсоя низ метавонанд ширкат кунанд ва барои ин ба кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон дархост ирсол кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0