Шикасту пирӯзиҳо дар даври аввали Ҷоми ФФТ

© Sputnik / Стас ЭтвешФутболисты на поле, архивное фото
Футболисты на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 21 феврал бозиҳои даври аввали марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи кишвар баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Дар гурӯҳи “А” дастаи КМВА бар тими “Истаравшан” бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид, ки ҳар се гол дар нимаи аввал зада шуд, хабар дод Кумитаи миллии олимпӣ.

Трансляция матча. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нороҳатӣ дар хориҷа! Пахши “Футбол” қатъ, рамзи “Варзиш” дигар шуд

Ба иттилои манбаъ, бозингари тими артиш Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 16 ҳисобро кушод. Баъд аз 16 дақиқа Илҳом Баротов ҳисобро баробар кард. Голи ғалабаоварро Шодибек Ғаффоров дар дақиқаҳои иловагии нимаи аввали бозӣ зад.

Дар бозии дигари гурӯҳ тими “Равшан” дастаи “Локомотив-Помир”-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохт. Голи ягонаро Далер Чолов дар дақиқаи 7-ум ба ҳадаф расонд, навиштааст сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ.

Дар гурӯҳи “Б” “Хатлон” ба дарвозаи “Куктош” 4 голи беҷавоб зад. Нуриддин Ҳамроқулов 2 гол, Сорбон Авғонов, Эҳсон Бобоев якголӣ ба номашон сабт намуданд. Бозӣ миёни дастаҳои “Душанбе-83” – “Эсхата” бо пирӯзии футболбозони Душанбе (2:1) анҷом ёфт. Бозингари “Душанбе” Элчибек Рашидбеков дар дақиқаи 11 ҳисобро боз кард, ҳамдастааш Парвиз Ҳомидов пас аз 6 дақиқа ҳисобро афзуд. Голи “Эсхата”-ро Мубинҷон Муъминов дар дақиқаи 71 зад.

Кумитаи миллии олимпӣ хабар додааст, ки 23 феврал соати 11:00 тимҳои “Душанбе-83” – “Куктош”  ва соати 15:00 тимҳои “Хатлон” – “Эсхата” дар варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ дар Душанбе сабқат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0