ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik. Сӯхтор субҳи 6 март, дар Шабакаи кумаки аввалияи тиббии санитарӣ дар ноҳияи Ёвон рух дода, масоҳати 45 метри мураббаъ фаро гирифта буд, хабар дод Хадамоти оташнишонӣ.
Манбаъ афзуд, оташнишонҳои ҳозиршуда таҳлияи одамонро аз ошёнаҳои боло анҷом доданд. Дар мавриди наҷоти духтаре, ки навораш ба интернет роҳ ёфт, Хадамоти оташнишонӣ иттилоъ додааст, ки ӯ Мижгона Иброҳимоваи 26-сола мебошад.
Манбаъ афзуд, ки баробари оташнишонҳо, шаҳрванд Акмал Султонов, сокини деҳаи Сариқамиш дар амалиёти наҷотдиҳӣ иштирок карда, аз ошёнаи панҷум Иброҳимова Мижгона, сокини 26-солаи деҳаи Чашмасорро ба воситаи арғамчин ба боми бино бардошта, ба ҷои бехавф кӯчондааст.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Хадамоти оташнишонӣ ба Султонов Акмал Абдураҳмонович ва Иброҳимова Мижгона, ки дар вақти наҷотдиҳӣ аз худ далериву нотарсӣ нишон додаанд, сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ супоридааст. Инчунин 3 оташнишон - Шеров Сомон, Раҷабов Зоир ва Раҷабов Исо қадрдонӣ шудаанд.
Хадамот гунаҳкору ҳаҷми хисороти сӯхтор дар беморхонаро гуфт
Ба иттилои манбаъ, дар вақти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, аз тарафи мутахассисони соҳа, муайян карда шуд, ки сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар барқтақсимкунаки роҳрави ошёнаи чорум мебошад. Хадамоти гунаҳгори ҳодисаро барқчии Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ, Эшмурод Абдусамирови 59-сола арзёбӣ кардааст.
Ин ниҳод зарари сӯхторро 8 ҳазор сомонӣ ва маблағи молу мулки наҷотдодаро 2 миллион сомонӣ хонд.