Фавти 694 нафар дар Тоҷикистон аз зукоми хатарноктар аз корона: муроҷиати Раҳмон ба мардум

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пасманзари сарусадоҳо атрофи коронавирус изҳор дошт, ки он як намуди зуком буда, як роҳи ҷилавгирии он риояи талаботи беҳдоштӣ – гигиенаи шахсӣ мебошад. Ӯ бо зикри навъҳои дигари зуком, онҳоро хатарноктар аз коронавирус хонд

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон фавти табиии одамон дар як сол қариб 40 – 45 ҳазор нафар ва дар як моҳ то сеюним ҳазор нафарро ташкил мекунад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Праздник дыни в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнвораи "Оши палав" баргузор намешавад: Вазорати тандурустӣ тавсия додааст

Раисиҷумҳур теъдоди тоҷикистониёне, ки тайи ду соли охир аз зуком фавтидаанд, 694 нафар гуфта, намудҳои дигари зукомро, ки ба гуфтаи ӯ нисбати коронавирус хатари бештар доранд, ном бурд.

Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба омори расмии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ зикр намуд, ки имрӯз се намуди вируси зукоми мавсимӣ, аз ҷумла намудҳои "А", "Б" ва "Ц" дар гардиш буда, хатари намудҳои зикршудаи зуком нисбат ба коронавирус бештар аст.  Раҳмон таъкид намуд, ки ҳар сол дар сайёра то 3-5 миллион нафар гирифтори шаклҳои миёна ва вазнини зуком гардида, аз ин шумора аз 300 ҳазор то 650 ҳазор нафар одамон фавт мекунанд.

“Дар кишвари мо сатҳи беморшавӣ бо зуком соли 2018 тақрибан 372 ҳазор ва соли 2019 - ум 374 ҳазор нафарро ташкил карда, аз ин шумора дар ду соли зикршуда 694 нафар фавтидааст, ки ҳамагӣ 0,09 фоизро ташкил медиҳад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиш бахшида ба Рӯзи модарон.

Жители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках - Sputnik Тоҷикистон
Эрон роҳи табобати коронавирусро ёфт?: наздик ба се ҳазор нафар беҳбуд ёфтанд

Ӯ таъкид намуд, ки мардуми мо набояд ба таҳлука афтода, ба сухани шахсони воҳимачӣ ва ҳангоматалаб бовар кунанд, балки ба маълумоте, ки аз тарафи мақомоти расмии давлатӣ ҳар рӯз аз тариқи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои телевизион ва радио пешниҳод мегардад, такя намоянд.

На танҳо таб ва сулфа: нишонаҳои нави коронавирус маълум шуданд

Раисиҷумҳур зикр кард, ки беэътиноӣ ба масъалаҳои тозагӣ, яъне риоя накардани талаботи беҳдоштӣ сабаби асосии паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб меравад. Хусусан, дар шароите, ки аксарияти аҳолии кишвари мо дар деҳот зиндагӣ мекунанд, бонувону занони мо бояд ба ин масъалаҳо эътибори доимӣ ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, таъкид кард Раҳмон.

Лентаи хабарҳо
0