ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Рӯзҳои 8-9 март қувваозмоиҳои даври чорякниҳоии мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё - Уқёнус дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун доир шуд.
Бино ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, чаҳор варзишкори тоҷик, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфта буданд, аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.
Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кило аз Бекзод Нурдавлатови қазоқистонӣ, Давлат Болтаев дар вазни -91 кило аз варзишгари дигари Қазоқистон - Василий Левит шикаст хурданд.
Давлат аз идомаи қувваозмоиҳо маҳрум шуд (дар вазни -91кг 4 роҳхат пешбинӣ шуда буд), вале Шаббос барои роҳхати панҷуми олимпӣ ду муҳорибаи дигар анҷом медиҳад.
Нахуст, рӯзи 10 март бо Йомҳот Ҷаккапонг аз Тайланд, ки дар чорякфинал аз намояндаи Урдун шикаст хурд, баъдан 11 март бо ғолиби ҷуфти Сачин Кумар (Ҳиндустон) / Нгуйен Суонг (Ветнам) қувва меозмояд.
Баҳодур Усмонов дар вазни 63 кило дар даври чорякниҳоӣ аз Обада Алкасбаи урдунӣ, Сумайя Қосимова дар вазни 51 кило аз варзишгари Чин Йуан Чанг мағлуб гардиданд.
"Акнун ҳар ду барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио як имкони дигар доранд. Баҳодур бо Ашкон Ризоии эронӣ ва Сумайя бо Ириш Магнои филиппинӣ нерӯ месанҷанд", - омадааст дар хабарнома.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё - Уқёнус 12 варзишгари тоҷик ширкат карданд, ки 8 нафарашон дар даври аввал аз ҳарифон мағлуб шуданд.