ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Қувваозмоиҳои даврҳои муқаддамотии мусобиқаи интихобии олимпии Осиё ва Уқёнус дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун анҷом ёфт, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, муштзани тоҷик Сумайя Қосимова дар вазни 51 кило бар Реим Ал-Мриҳел аз Урдун бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард. Сумайя баъди пирӯзӣ бар варзишгари мизбон ба чорякфинал роҳ ёфт.
Кумита афзуд, ҳамчунин дар вазни 57 кило миёни мардон Бахтовар Сагизов дар даври дуюм бо Синг Йу Тсо аз Ҳонгконг рӯ ба рӯ шуд, вале муҳорибаро бохт.
Ҳамин тариқ, чор варзишгари Тоҷикистон даври чораякниҳоӣ қувваозмоиро идома медиҳанд. Аз ҷумла Сумайя Қосимова 9 март дар чорякфинал бо варзишгари Чин, Йуан Чанг вомехӯрад.
Баҳодур Усмонов дар вазни 63 кило бо Обада Алкасбаи урдунӣ, Шаббос Негматуллоев бо Бекзод Нурдавлатов аз Қазоқистон, Давлат Болтаев бо варзишгари дигари Қазоқистон Василий Левит нерӯ месанҷанд.