ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Ин масъала имрӯз,10 март дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе бо ташаббуси намояндагии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ баррасӣ шудааст.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ин нишаст, муовинони вазири тандурустии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, намояндагони вазорату идораҳо, созмон ва ташкилотҳои байналмилалӣ, роҳбарону кормандони як қатор муассисаҳои тандурустӣ ширкат намуданд.
Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ гуфтааст, ки айни ҳол бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Тоҷикистон дар назди Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини сарвазири Ширин Исматуллозода ситоди ҷумҳуриявӣ фаъолият менамояд.
Ҳамзамон, тибқи дастури ситоди ҷумҳуриявӣ дар назди ҳама вазорату идораҳои давлатӣ ситодҳои дохилӣ амал карда истодаанд.
Роҳ ба бозор: чӣ гуна коронавирус аз орд то пойафзору таксиро гарон кард
То кунун сирояти коронавирус дар 113 давлат ба қайд гирифта шуда, 110 ҳазор нафар ба он гирифтор шудаанд.
"Аз 1 феврал то 9 марти соли равон 1566 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шуданд", - омадааст дар хабарномаи Вазорат.
Таъкид карда шудааст, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ҳамаи чорабиниҳо оид ба пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба роҳ монда шудаанд.