Видеои муштзании Воҳидови шикастнадида бо “Ракета”-и қазоқ: пирӯзӣ баъди нокдаун-навор

© © Sputnik / Рубен ГарсияТурнир ФМР
Турнир ФМР - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Асрор Воҳидов, муштзани шикастнадидаи тоҷик, Ержан Залилов, муштзани қазоқ, бо лақаби “Ракета”-ро дар як зӯрозмоии шадид шикаст дод

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik.  Воҳидов ба гуфтаи шореҳон бо бинии шикаста майдондорӣ мекард, дар дақиқаи аввали даври 5-ум аз зарбаи Залилов ба нокдаун фиристода шуд, аммо дар сабқат пирӯз гардид.

Доварони зӯрозмоӣ, ки дар шаҳри Екатеринбург баргузор гардид, бо як овоз пирӯзиро ба муштзани тоҷик доданд. Воҳидови 24-сола феълан дар 7 сабқат 7 пирӯзӣ ба даст овардааст, ки 3-тои он бо нокаут анҷомида буданд. Залилов дар 11 сабқат пирӯз гардида, як мусовӣ ва ду шикаст дорад.

Асрор Воҳидов муштзани ҷавон ва шинохтаи тоҷик аз шаҳри Исфара мебошад. Қаблан шаҳрдории Исфара изҳор дошта буд, ки бо назардошти эҳтиёҷоти варзишкорон ба манзил ба Асрор Воҳидов ва Муҳаммадҷон Ёқубов аз маркази шаҳр қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо хоҳад кард.

“Бо қадршиносии Қаҳрамонони арсаи варзиш дар сатҳи ҷаҳонӣ Асрор Воҳидов ва Муҳаммадҷон Ёқубов бо зикри саҳму нақши бузурги онҳо дар рушди соҳаи варзиш, муаррифӣ ва ҳифзи шаъну эътибори Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳонӣ изҳор дошт, ки бо назардошти эҳтиёҷоти онон ба манзил ва талаботи қонунгузории амалкунанда мақомоти шаҳри Исфара ба ин ду варзишгари номӣ аз маркази шаҳр қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо хоҳад кард”, - иттилоъ дода буд, Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати Исфара.

Лентаи хабарҳо
0