Коҳиши якбораи қурби рубл баъди уфти нархи нафт - поинтарин дар 4 соли охир

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкБанковские карты международных платежных систем VISA и MasterCard
Банковские карты международных платежных систем VISA и MasterCard - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи он, ки кишварҳои тавлидкунандаи нафт ҳафтаи гузашта барои ихтисори иловагии тавлиди нафт ба созиш нарасиданд, ҳафтаи ҷадид бо уфти нархи нафту ҷаҳиши қурби доллар ва евро оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Нархи нафти навъи Brent дар рӯзи аввали ҳафтаи ҷадид якбора поин рафта, то 31,43 доллар сари ҳар баррел расид, ки поинтарин нишондод дар 4 соли охир мебошад.

Доллары США и таджикские сомони, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷазои Разоқов барои беқадр кардани сомонӣ: Додситонӣ гуфт, ӯ барои пиёз доллар гирифт

Бар асоси натиҷаҳои ахир дар биржаҳои ҷаҳонӣ, нархи як баррел нафт якбора 14 доллар коҳиш ёфта, то 31 доллар поин омад, ки камтарин нишондод аз моҳи январи соли 2016 мебошад.

Дар пайи уфти нархи нафт қурби доллар ва евро дар бозорҳои ҷаҳонӣ якбора боло рафт. Аз ҷумла, имрӯз қурби доллар ба беш аз 72 рубл ва евро ба 82,2 рубл баробар шуд. Дар ҳамин ҳол бархе аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон низ қурби харидуфурӯши рубл барои имрӯзро 0,132 то 0,133 сомонӣ нишон додаанд. Чанд ҳафта қабл дар Тоҷикистон қурби рубл то 0,155 сомониро ташкил медод. 

Ин коҳиш дар ҳолест, ки кишварҳои тавлидкунандаи нафт дар доираи ОПЕК+ натавонистанд барои ихтисори иловагии тавлиди нафт дар пасманзари коҳиши талабот ба далели коронавирус ба тавофуқ расанду Русия эълон намуд, ки аз ин созиш хориҷ мешавад. Ин тасмим, ки охири ҳафтаи гузашта эълон шуд, ба коҳиши нархи нафту ҷаҳиши асъори амрикоӣ ва аврупоӣ анҷом ёфт.

Дар ҳамин ҳол ҳудуди 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд ва ба қурби рубли русӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд, чун маошро асосан бо ин асъор мегиранд. Дар сомонаи Бонки миллӣ аз охири ҳафтаи гузашта қурби сомонӣ нисбат ба рубл 0,141 сомонӣ нишон дода шудааст, аммо бархе аз бонкҳои тиҷоратӣ қурби рубли русиро барои имрӯз аз 0,132 то 0,133 сомонӣ нишон додаанд.

Лентаи хабарҳо
0