Ҷазои Разоқов барои беқадр кардани сомонӣ: Додситонӣ гуфт, ӯ барои пиёз доллар гирифт

© SputnikДоллары США и таджикские сомони, архивное фото
Доллары США и таджикские сомони, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҷаримабандии Зафар Разоқов хабар додааст, ки дар муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ гунаҳкор дониста шудааст. Ҳодиса тобистони соли гузашта рух додааст, аммо додситонӣ хабар дар ин бораро имрӯз дар сомонааш нашр намудааст

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Зафар Разоқов, сокини 28-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар он гунаҳкор дониста шудааст, ки бо асъори хориҷӣ муомилот ва пули миллиро беқадр карда, ба низоми молиявию кредитии кишвар зарар расондааст.

Турист фотографирует пейзажи - Sputnik Тоҷикистон
Бонки ҷаҳонӣ монеаҳои рушди гардишгарӣ дар Тоҷикистонро эълон кард

Бар асоси иттилоия, Разоқов бар ивази пиёз аз харидори шартӣ қисмате аз маблағ, яъне 5 ҳазор доллари амрикоиро бо асъори хориҷӣ гирифтааст.

“Разоқов Зафар Султонович, санаи таваллудаш 09.06.1992 сол, зода ва сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, 3 июни соли 2019 тахминан соати 11:30 дақиқа дидаю дониста, ки муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ба ноустувории қурби асъори миллӣ, беқадр кардан ва паст намудани қурби он оварда расонида, дар натиҷа ба низоми мубодилоти молиявию кредитӣ зарар мерасонад, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов аз харидори шартӣ барои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, яъне пиёз 40 ҳазор сомонӣ ва 5 ҳазор доллари ИМА, ки баробар ба 47198 сомонӣ мебошад, гирифта, ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ муомилот кардааст”, - омадааст дар иттилоияи нашркардаи Додситонии кулли Тоҷикистон.

Нурмаҳмадзода: камбуди доллар дар Тоҷикистон аз мавсим вобаста аст

Манбаъ афзуд, алайҳи Разоқов бо аломатҳои моддаи 286 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов ӯро ба андозаи 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 20 ҳазору 75 сомонӣ ҷарима бастааст.

Назари худи Разоқов феълан дар бораи ин иттиҳом ва ҳукм маълум нест. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, харидуфурӯши молу хизматрасонӣ дар кишвар бо пули миллӣ - сомонӣ бояд сурат гирад.

Лентаи хабарҳо
0