Тавсиф аз кӯчарӯбу раисаҳо: Рустами Эмомалӣ гуфт, занонро бештар ба роҳбарӣ ҷалб мекунад

© Sputnik Дворники приводят в порядок дороги в Душанбе
Дворники приводят в порядок дороги в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, дар чорабинии бахшида ба Рӯзи модар бонувонро бо ҷашнашон, ки ба оғози фасли зебои баҳор ва фарорасии ҷашни бостонии Наврӯз рост меояд, шодбош гуфт

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Орзумандам, ки ҳар яки шумо ҳамеша саломату хушбахт ва хонаободу сарбаланд бошед, таманно кард шаҳрдори Душанбе.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Ид муборак: Рустами Эмомалӣ барои занони кӯчарӯби Душанбе 3 миллион ҷудо кард

Рустами Эмомалӣ илова намуд, ки имрӯз модари тоҷик роҳбари кордон, олиму донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва нуру гармии ҳар як хонадон мебошад.

"Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати зан – модар сарчашмаи зиндагӣ ва осоиши ҳар як хонавода аст. Модар - такягоҳи боэътимоди хонадон, тарбияткунанда ва маслиҳатгари фарзандон, идоракунандаи рӯзгори оила ва сарфаю сариштакори хонавода мебошад", - омадааст дар паёми шодбошӣ. 

Рустами Эмомалӣ афзуд, ки роҳбарияти шаҳр ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону модарон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву кор барои бонувону модарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо ва  баланд бардоштани нақши иҷтимоии занону бонувон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Раджаббой Ахмадзода, глава Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Аҳволпурсӣ: раиси вилояти Суғд ба манзили сиёсатмадор - Биҳоҷал Раҳимова рафт

"Имрӯз дар шаҳри Душанбе қариб 70 ҳазор нафар бонувон дар сохторҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла 30 ҳазор нафар дар соҳаи маорифу тандурустӣ кору фаъолият доранд ва беш аз 30 фоизи онҳо мансабҳои роҳбарикунанда кор мекунанд", - иттилоъ дод шаҳрдор.

Ӯ таъкид намуд, ки бонувон махсусан дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити шаҳр нақши беандоза доранд.

 

Рустами Эмомалӣ бо зикри он, ки Модар нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад, саводнокии бонувонро муҳим хондаст.

"Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониши замонавӣ, таҷрибаи зиндагӣ ва  ҷаҳонбинии муосир мебошад, фарзанди ӯ низ ҳамчун шахси босаводу хушахлоқ ба камол мерасад", - изҳор дошт шаҳрдорӣ.

Лентаи хабарҳо
0