Аҳволпурсӣ: раиси вилояти Суғд ба манзили сиёсатмадор - Биҳоҷал Раҳимова рафт

Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд ба манзили ходими ҷамъиятиву сиёсӣ, ташкилотчии моҳир ва инсони чашмикордон Биҳоҷал Раҳимова барои аҳволпурсӣ рафт

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнат - Санавбар Ҳомидова ва Биҳоҷал Раҳимоваро аёдат намуд.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, Санавбар Ҳомидоваи 81-сола солҳои тӯлонӣ дар соҳаи маориф ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шуда, имрӯз даврони пирӣ меронад.

Раиси вилоят зимни дидор бо Санавбар Ҳомидова ва фаъолияти пурмашаққати ӯ дар соҳаи таълиму тарбия ёдовар шуда, гуфтааст, ки чунин шахсони фидоӣ ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумат қарор доранд.

Раджабзода навестил ветеранов ВОВ - Sputnik Тоҷикистон
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати собиқадорони ҶБВ рафт

Ҳамчунин раиси вилоят ба манзили ходими ҷамъиятиву сиёсӣ, зани ҳалиму порсо, ташкилотчии моҳир ва инсони чашмикордон Биҳоҷал Раҳимова ташриф оварда, аҳволпурсӣ намуд.

"Аз суҳбат маълум гардид, ки нақши занон дар татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат, таълиму тарбияи насли наврас ва саҳми бештари онҳо дар корҳои ободониву созандагии мамлакат назаррас буда, пешрафту шукуфоии кишвар маҳз аз дастони муъҷизаофари занону бонувон сарчашма мегирад", - омадааст дар хабарнома.

Биҳоҷал Раҳимова яке аз занҳои фаъоли мамлакат шинохта шуда, солҳои дароз дар мақоми роҳбарикунанда ифои вазифа намудааст.

Лентаи хабарҳо
0