Марг дар миёнароҳ: Раҳмон фармони барканории Ваҳҳобзодаро бинобар фавт имзо кард-ҳолнома

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон Ваҳҳобзода Содиқҷони Абдулҳайро бинобар вафоташ аз мақом барканор кард

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Фармони аз вазифаи раиси суди ноҳияи Истаравшан озод намудани Содиқҷон Ваҳҳобзодаро раисиҷумҳури Тоҷикистон 6 март имзо кард, хабар дод котиботи президент.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: аз котиби нави Шӯрои амният то раиси агентӣ ва ректорҳо

“Ваколати раиси суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Ваҳҳобзода Содиқҷони Абдулҳай бинобар вафоташ қатъ карда шавад”, - омадааст дар фармон.

Зодаи Бартанг ва 38 - сола: раиси тозатаъини ноҳияи Мурғоби ВМКБ кист?

Ваҳҳобзода моҳи декабри соли 2017 аз вазифаи раиси додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд озод шуда, раиси додгоҳи шаҳри Истаравшан таъйин гардида буд.

Ӯ ҳамроҳи Исроилҷон Ваҳҳобов корманди идораи хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон шаби 20 феврали соли равон бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, мошине, ки раиси суд дар он савор буд, бо Дулани канори роҳ бархӯрдааст ва дар натиҷа ду мусофири он ҳалок шудаву ду тани дигар дар бемористони Истаравшан бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ шудаанд.

Насрулло Маҳмудзода, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Собиқ вакил ва донандаи 4 забон: котиби нави Шӯрои амният кист?

“Ҳодиса соати 21:05 дақиқа дар километри 185-уми наздикии деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон рух додааст. Ронандаи сабукрави "Опел" Ҷамшед Ҳасанов, сокини 42-солаи шаҳри Истаравшан аз уҳдаи нигаҳдории мошин набаромадааст ва он ба Дулане, ки дар канори роҳ меистод, бархӯрдааст”,- иттилоъ дода буд Кумита.

Тибқи ҳолнома, Ваҳҳобзода Содиқҷон Абдулҳай 59 сол дошта, оиладор соҳиби шаш фарзанд буд. Ӯ соли 1988 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм карда, аз тарафи Донишгоҳ ба шаҳри Брянски Федератсияи Русия сафарбар шуда, ба ҳайси муфаттиш кор кардааст. Фаъолияти аввали кории хешро дар мақомоти прокуратура ба ҳайси муфаттиш оғоз намуда, то соли 2003 дар прокуратураҳои вилояти Суғд ва шаҳри Роғун кор кардааст.

Кистанд 58 ҷавоне, ки бори нахуст ба мақоми судя таъйин шуданд?

Аз соли 2003 ба низоми додгоҳӣ ворид шуда, дар ҳамин сол ба вазифаи судяи суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таъйин гардида, то соли 2011 дар онҷо кору фаъолият доштаст.  Сипас аз соли 2011 то соли 2014 ба вазифаи судяи суди вилояти Суғд, аз соли 2014 то 2017 ба вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов ва аз соли 2017 ба вазифаи раиси суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд таъин гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0