Собиқ вакил ва донандаи 4 забон: котиби нави Шӯрои амният кист?

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонНасрулло Маҳмудзода, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон
Насрулло Маҳмудзода, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Насрулло Маҳмудзода, ки то имрӯз додситони вилояти Хатлон буд, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҷои Маҳмадалӣ Ватанзода, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Бар асоси ҳолномаи Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон, ӯ соли 1986 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: аз котиби нави Шӯрои амният то раиси агентӣ ва ректорҳо

"Аз соли 1986 - коромӯз дар вазифаи муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Қайроққум, аз соли1987 - муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Қайроққум, аз соли 1988 - прокурори шуъбаи тафтишотии прокуратураи вилояти Суғд, аз 1989 - муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Қайроқум, аз соли 1993 - муовини прокурори шаҳри Исфара, аз соли 1997 - муовини аввали прокурори ноҳияи Б.Ғафуров кор кардааст", - омадааст дар тарҷумаи ҳоли Маҳмудзода.

Ӯ аз соли 1998  ба вазифи сардори шуъбаи назорати тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ дар мақомотҳои ВКД ва АНМН прокуратураи вилояти Суғд ва аз соли  2002 ба мақоми прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъйин шудааст.

Зодаи Бартанг ва 38 - сола: раиси тозатаъини ноҳияи Мурғоби ВМКБ кист?

Аз соли  2007 вазифаи прокурори шаҳри Кӯлобро гирифта, соли 2010-ум вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шудааст. Ӯ мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 буда, аз феврали соли 2015 прокурори вилояти Хатлон буд.

Дар ҳолномаи Насрулло Маҳмудзода таъкид шудааст, ки 4 забон - тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва англисиро медонад.

Лентаи хабарҳо
0