ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Меҳрдонӣ, ки ҳамзамон мутахасиси соҳаи бемориҳои сироятӣ мебошад, зимни мусоҳиба бо "Рӯзномаи Эрон" изҳор доштааст, ки ин вируси хатарнок бисёр зуд паҳн мешавад.
"Ин маризӣ метавонад ба якборагӣ чор одамро сироят кунад. Ман фикр мекунам, ки то 20 - уми март аз 30 то 40 дарсади сокинони Теҳрон гирифтори маризии сироятии коронавирус мешаванд", - афзудааст Меҳрдонӣ.
Зимнан, Ҳомид Сурӣ узви Маркази зидди коронаӣ дар Эрон дар робита ба ин вазъият гуфт,раванди мубталошавии сокинон то авохири моҳи март ба ҳолати феълӣ авҷ мегирад, агар тадобири ҷиддитар барои пешгирӣ аз хатар ба роҳ монда нашавад.
Ба гуфтаи ӯ омилии асосии пирӯз шудан бар маризии мазкур ин риояи тарзи ҳаёти солим аст.
Коронавирус зери назорат аст: мақомоти Суғд дақиқ гуфт чанд нафар дар карантин ҳастанд
Ҳамзамон, ба даъвати Сурӣ баргузории тӯю маъракаҳо, азодорӣ ва ошхӯрии дастаҷамъона бояд хотима ёбад,то шароит барои паҳн шудани вирус маҳдуд гардад.
Ҳомид Сурӣ зимни баромади худ тариқи телевизиони давлатӣ изҳороти Меҳрдониро инкор кард ва афзуд, ки гирифторшавӣ ба маризии коронавирус тамоюли коҳишёбӣ дорад.