ДУШАНБЕ, 6 март – Sputnik. Банд будани роҳи Чин, мардуми Тоҷикистонро воҳимадор кардааст, дар ҳоле, ки Чин воридкунандаи аслии орду маҳсулот нест.
"Роҳи Чин банд - ҳама чиз гарон"
Рӯзи 3-юми март ҳамроҳи модарам ба бозори бузургтарини Душанбе - "Корвон" мерафтем. Таксиҳои мусофирбар, ки то зуҳури "вируси тоҷдор" 3-сомонӣ нарх доштанд, ҳамакнун аз километри 7-уми шаҳри Душанбе то "Садбарг" 5-сомонӣ талаб мекарданд.
Ба эътирози модарам, ки чанд рӯз қабл арзонтар буд, ронанда гуфт: "Хола, охи раҳи Хитой банд аст, ҳама чиз гарон шуд".
Банд будани роҳи Чин дар бозори "Корвон" ҳам, сари ҳар қадам оғоз аз нархи рӯймолу, пойафзору сарпӯш то матоъю ҷиҳози хона далели бориз буд.
"Ман борамро ду моҳ пеш овардам ва ҳамакнун чуноне шумо мебинед, аз молҳои чиниям каме мондааст. Роҳ банд, ман намедонам боз кай метавонам ба Чин биравам, ба ҳамин хотир нархҳоро баланд бардоштем, мо ҳам зиндагӣ дорем", - посух дод ба эътирози харидорон фурӯшандаи пойафзор.
Агар дохили бозори "Корвон" фурӯшандаҳо аллакай нархҳоро "осмонӣ" карда бошанд, савдогарони самбӯсаю пирожки, ки берун аз бозор савдо мекунанд, ҳоло нархҳоро гарон накарда буданд, вале ҳушдор медоданд.
"Самбӯса як дона - 1 сомонӣ, вале мумкин фардо гаронтар шавад, мегӯянд орд камчин шудааст", - гуфт фурӯшанда.
Ҳамин ҳушдори савдогарон буд, ки ду рӯз боз мардуми "сода" - и Тоҷикистон ба бозорҳову дӯконҳо давида орду равған, пиёзу картошка ва маҳсулоти ниёзи авваларо харидорӣ карданд.
"Хостам аз Пайкар барои гурбаам чизе бихарам. Гурбаамро дӯст медорам, вале на ба он дараҷае, ки ду соат дар касса навбат поям", - навиштааст корбари фейсбук Зебо Тоҷибоева.
Мақомот - захираҳои хӯрока ду сол эҳтиёҷи 9,5 миллион аҳолии Тоҷикистонро бароварда мекунад.
"Мо асосан маводи ғизоӣ, бахусус орду гандумро тибқи шартнома аз Қазоқистону Русия ворид мекунем. Аз сӯи дигар, агар дар он кишварҳо ҳам шуюъи вирус иттифоқ афтад, он ба маҳсулот, бахусус маводи ғизоӣ таъсире нахоҳад дошт, чун вирус дар ҷисми зинда пайдо мешавад ва дар ҷисми беҷон умри кӯтоҳ дорад, яъне моле, ки ворид мешавад, ҳеҷ гоҳ манбаъи сироят буда наметавонад", - гуфт Зуҳриддин Кенҷаев.
Қаблан Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳам аз хабарнигорон даъват карда буд, ки ба анборҳои Агентии захираҳои давлатӣ раванд ва бубинанд, ки давлат чӣ қадар захира дорад.
Вай гуфт, захираҳои хӯрока ду сол эҳтиёҷи 9,5 миллион нафар аҳолии Тоҷикистонро бароварда мекунад.
Мардуми сода
Харидории барзиёди орду равған бори дигар аз содадилӣ ва зудбоварии мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад, дар ҳоле, ки орд на аз Чин балки аз Русияву Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид карда мешавад.
Рӯзи 3 март дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон аз овозаи ин, ки барои паҳншавии "вируси тоҷдор" дар кишвар воридоти маводи ғизоӣ қатъ мешавад ва қиматҳо боло хоҳанд рафт, мардуми зиёде сар ба мағозаву дӯконҳо зада, харидҳои бузург анҷом доданд.
Бозори орд, муҳимтарин маводи ғизоии сокинони Тоҷикистон, гарм шуд ва қимати он аз 160 - 190 сомонӣ ба 250 - 300 сомонӣ боло рафт.
Қимати равған, гӯшт, шакар, тухм ва дигар маводи ғизоӣ низ ба осмон дакка хӯрд.
Ин нахустин овозаҳое нест, ки мардумро ба таҳлука меандозад.
Зилзилаи маргбор
Соли 2008 овозаҳо дар бораи зилзилаи маргбор халқи тоҷикро бехоб карда буд.
Мардум аввал аз мағозаҳо маҳсулоти ниёзро барзиёд харидорӣ карду баъд ба мошинҳои худ ҷой дода интизори зилзилаи маргбор шуданд.
"Дар ёд дорам, он шаб ҳамаи ҳамсояҳоямон аз соати 21:00 ба берун баромада ва то бомдод бедорхобӣ карданд. Дар интизори заминҷунбӣ ҳамсояҳоямон ҳамроҳи кӯдакҳои навзод ба берун баромада буданд. Онҳое, ки мошин доштанд савори мошин шуданду намедонам, чӣ гуна мехостанд аз зилзила ба тавре наҷот ёбанд", - ба ёд меорад Гулсара.
Бомдод тариқи телевизиони Тоҷикистон барномаи "Ахбор" сар шуд, ки ҳамаи овозаҳоро бепоя хонду мардумро ба оромӣ даъват кард ва гуфт ба манзилҳои худ бозгарданд.
Санги чӯянӣ ё "гир" - и тиллоӣ
Соли 2016 васвасаи харидуфурӯши сангҳои варзишӣ Тоҷикистонро фаро гирифта буд. Бархе як навъи нодири чунин сангҳои чӯяниро то 50 000 сомонӣ нарх карданд.
Он замон сомонаҳои таблиғотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз эълони харидорону фурӯшандаҳои санги варзишӣ буд ва дар бархе аз ноҳияҳо ҳам ба гуфтаи сокинон хоҳишмандон то дари хонаҳояшон рафта, сангҳоро суроғ мекунанд ва маблағҳои калон пешниҳод месозанд.
Онҳое, ки ба хариду фурӯши ин санг машғуланд, бо бовар гуфта буданд, як навъи ин санг, ки ҳамагӣ як бор дар заводи Тулаи Русия истеҳсол шудааст, дар таркибаш як метали гаронарзиш (ба қавли мардум тилло) дорад ва он бо нархи калон харидорӣ шуда, ба берун бурда мешавад.
Ҳамин буд, ки дигар дар мағозаҳо ягон санги чуянӣ намонд.
"Вируси тоҷдор"
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт коронавирус дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст. Вазорат бо таассуф аз ҳангомапароканӣ атрофи ин беморӣ дар кишвар интиқод кард.
"Аз бозорҳо барзиёд харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрока ва ба ташвишу таҳлука овардани дигарон кори ғайримантиқӣ буда, дар пешгирии коронавирус умуман манфиат надорад ва баръакс ин омил издиҳом ба вуҷуд оварда, боиси паҳншавии дигар бемориҳои сироятӣ мегардад", - навиштааст ин ниҳод.
Вазорат таъкид мекунад, ки то ҳол шаҳрвандоне, ки аз 6 кишвар- Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон, Эрон ва Ҷопон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.
Вазорати тандурустӣ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ба овозаҳои бардурӯғ ва дасисаву иғво фирефта нашаванд, зиндагии муқаррарии худро идома дода, танҳо ба тозагиву гигиенаи шахсӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.
Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд.
Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.
Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Вьетнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндия, Куреи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.