ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Муовини вазиритандурустӣ имрӯз зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, хабару овозаҳо дар мавриди қатъи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус асоси воқеӣ надорад.
Номбурда гуфт, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ умуман баста намешаванд, зеро дар ҳамаи муассисаҳои таълимии мамлакат тибқи супориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам муоинаи тиббии хонандагон ва донишҷӯён ба роҳ монда мешавад.
“Аммо, агар нафаре бо ҳарорати баланд ва ё бо шикояти бемории шадиди роҳи нафас гирифтор шавад, бояд ба дарс наомада, ба духтури ҷои маҳалли хеш муроҷиат намояд. Инчунин, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти зинаҳои гуногун чорабиниҳои зиддиэпимикӣ, аз қабили гузаронидани корҳои безараргардонӣ ба роҳ монда шуда истодаанд, ки заруряти қатъ намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ вуҷуд надорад”,-афзудааст манбаъ.
Ба гуфти ӯ ҳадафи асосии чораҳои зиддиэпимикӣ ин пеш аз ҳама омода будан барои пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба кишвар мебошад. Бинобар ин, чораҳои пешгирикунанда оид ба сирояти мазкур на бояд шаҳрвандони мамлакатро ба таҳлука андозанд.
“Бояд таъкид намуд, ки танҳо ва танҳо чораҳои роҳандозикардашуда, аз ҷумла худдорӣ намудан аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, муваққатан худдорӣ намудан аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза ва манъи муваққатии чорабинҳои оммавӣ ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд”,-мегӯяд муовини вазири тандурустӣ.
Мирҳамуддин Камолзода, дар анҷоми нишасти аз намояндагони ВАО даъват кард, то ба ин масъалаи ҳассос танҳо маълумоти расмӣ ва санҷидашударо ба ҷомеа пешкаш намоянд.
Эҳсони Хушбахт, сухангуи вазорати маорифи кишвар низ рӯзи 4 март, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли карантина шудани муассисаҳои таълимии кишвар гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ зарурате барои ин иқдом дида намешавад ва муассисаҳои таълимӣ тибқи барномаи таҳсил фаъолияти худро идома хоҳанд дод.