Хуршед Сатторов ин навбат танҳо либоси сирф миллӣ - тоҷикиро ба маърази ом гузоштаст. Тарроҳи муваффақ бар он кӯшидаст, ки таърихи 100 - солаи пироҳани чаканро эҳё ва сабки махсуси он, аниқтараш гулдӯзии тоҷикиро намоиш диҳад.
Ин либос бо ороиши дастӣ ва бо истифода аз ашёҳои табиӣ, ба мисли пахта ё абрешим оро дода мешавад.
Хуршед дар намоиши худ 500 либоси миллиро омода кардаст, ки ҳар кадоми онҳо тарҳи фавқуллода ва гулдӯзии бемисл доранд.
"Дар Тоҷикистон фарҳанги бойи чандинасраи либосдӯзӣ дорад. Ман зиёд ба кишварҳои хориҷ сафар мекунам ва ҳар бор қоил мешавем, ки тарроҳони тоҷик бисёр соҳибистеъдод ҳастанд. Ман мехостам ба ҳамватанони худ сарвати ба мо тааллуқдоштаро нишон диҳам", - гуфт Хуршед Сатторов.
Бисёр тоҷикона: чӣ гуна Хуршед Сатторов тарҳҳояшро меофарад
Ба гуфтаи Хуршед Сатторов то ҳол дар кишвар ягон иди алоҳида, ки бевосита ба либоси миллии тоҷикӣ дахл дорад, мавҷуд нест.
Зимнан, тарроҳи тоҷик дар шоми нимоиши либосҳо, намунае аз либосҳои сирф миллӣ, либосҳои арӯсӣ ва ҳамчунин либосҳо барои мардон низ ба маърази тамошо гузошт.
Шоми зеборо ҳунармандони тоҷик аз қабили Нигина Амонқулова, Мадина Ақназарова, Фотима Машрабова ва чанде дигар овозхонҳо боз ҳам рангинтар намуданд.
Дар оянда ороишгари мӯд нақша дорад, ки дар Душанбе осорхонаи чакан кушояд, ки дар он мероси бойи фарҳангии мардуми тоҷик ҷамъ оварда шавад.